Журналисти тоҷик ба намояндаи ВКХ –и Русия шеър ва мева ҳадя кард

Шамсиддин Муқим, рӯзноманигори тоҷик дар брифинги Мария Захарова, намояндаи расмии ВКХ-и Русия, ки 24-уми декабр, дар рӯзи мавлуди ӯ баргузор гардид, ӯро бо қироати шеър табрик кардааст.

Дар ин хусус расонаҳои Русия хабар дода афзудаанд, ки Шамсиддин Муқим сӯи Захарова рафта ба ӯ «зебосанам» гӯён хитоб кардаву аз аҳли маҷлис хоҳиш намудааст, то ба шеъри «Таманниёт ба дӯст» -и ӯ, ки ба зодрӯзи соҳибҷашн бахшида шудааст, гӯш диҳанд.

Матни шеъри ба хонум Захарова бахшидаи журналисти тоҷик чунин аст: «Друг, удачи тебе хочу пожелать,

Божий лик твой хотел увидать.

Пусть хвала до небес превозносит тебя.

Я желаю тебе долго жить и блистать.

Много бед перетерпел.

Но умел и врага благородством души и умом побеждать.

Ты учился добру,всем в нужде помогал

И с дороги своей не сошел не на пядь.

Ты упорно, мой друг, веришь в силу добра,

Пустословьем пустым не умеешь плести.

Говорит Шамсутдин, что тебе суждены

Плодотворная жизнь и высокая стать”.

Шамсиддин Муқим хабарнигори расмии ҳафтаномаи «СССР» дар Маскав мебошад.

«СССР» ягона ҳафтаномаест аз миёни дигар ВАО-и Тоҷикистон дар Маскав бо имзои Сергей Лавров, вазири Корҳои хориҷаи Русия, журналисташро аккредитатсия кардааст ва ӯ ҳар ҳафта 2 бор дар брифингҳои расмии ВКХ ФР иштироки фаъолона мекунад.

Дар наворе, ки аз ҷониби «Russia Today» дар шабакаи «Ютуб» гузошта шудааст, дида мешавад, ки ҷаноби Муқим пас аз қироати шеър бо як самимияти хос ба хонум Захарова матни шеър ва меваҳои Тоҷикистонро ҳадя кардааст, ки хонум Захарова низ онро хуш пазируфтааст.

 

http://faraj.tj/news/11857-zhurnalisti-to1207ik-ba-namoyandai-vkh-i-rusiya-sher-va-meva-1203adya-kard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *