Одили Нозир, хабарнигори ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҷои аввали озмуни Шӯрои ВАО-и Тоҷикистонро соҳиб шуд
Ин озмун, ки таҳти унвони «Мо ВАО-и хушахлоқро интихоб мекунем!» эълон шуда буд, 19 декабр, бо ширкати роҳбарони Шӯрои ВАО ва рӯзноманигорон ҷамъбаст гардид. Бар асоси эълони натоиҷи озмуни мазкур Одили Нозир,ҷои аввал, Санҷар Ҳошимӣ, ҷои дувум ва Зебоҷон Қурбонова, аз вилояти Суғд, ҷои сеюмро соҳиб шуданд.
Талаботи озмуни мазкур таҳти унвони зикршуда навиштани беҳтарин эссе будааст.
Ба озмуни мазкур 13 нафар эссе пешниҳод карданд, ки аз ин миқдор эссеҳои пешниҳодшуда ҳамагӣ се нафар ба ҷоиза сазовор дониста шуданд.
Бояд гуфт озмуни мазкур дар конфронси»Васоити ахбори омма ва амнияти фаъолияти журналистӣ дар Тоҷикистон» натиҷагирӣ шуд.
Аъзоёни коммисияи озмун аз се нафар- Иброҳим Усмонов, раиси коммисия, Қироншоҳ Шарифзода, роҳбари пешини Шӯрои ВАО ва Гулов Сангин, муаллими факултети журналистика иборат буд.
http://www.pressa.tj/article/odili-nozir-barandai-choizai-ozmuni-shuroi-vao-shud