Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон даҳ варзишгари беҳтарини соли 2015-ро эълон кард.
Гурзандози маъруфи кишвар — Дилшод Назаров ба унвони беҳтарин варзишгари сол шинохта шуд. Назаров моҳи августи соли равон аз сабқати қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гурзандозӣ миёни мардон, ки дар шаҳри Пекини Чин баргузор шуд, гурзро ба дарозии 78 метру 55 сантиметр пардофт ва соҳиби нишони нуқра гардид. Ӯ нахустин варзишгари тоҷик аст, ки соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Бразилия-2016 шуд.
Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиш дар ҷаласае, ки имрӯз, 19 декабр дар Душанбе баргузор намуд, исми нуҳ варзишгари дигарро ҳам, ки шомили беҳтаринҳо шудаанд, эълон кард. Ба ин феҳрист Комроншоҳи Устопириён, Саидҷалол Саидов, Муродҷон Туйчиев, Фарҳод Анақулов, Ҷаҳон Қурбонов, Мавзуна Чориева, Шоира Зулқарнаева, Хуршед Шарифов ваАкмалиддин Каримов ворид шудаанд.
Имсол барои нахустин бор Анҷумани рӯзноманигорони риштаи варзиши Тоҷикистон беҳтарин тими варзиши солро эълон кард. Аз рӯи раъйи аъзои анҷуман дастаи футболи “Истиқлол”-и Душанбе беҳтарин тими соли 2015 эълон гардид.