15-уми декабр журналист Муҳаммадҷон Мирзошоев дар шаҳри Душанбе дар синни 67-солагӣ аз олам даргузашт.
Муҳдаммадҷон Мирзошоев, аз қаламкашони шинохта дар кишвар буда, аз соли 1991 то соли 2008 сармуҳаррири нашрияи “Наврӯзи ватан” буд. Солҳои охир дар вазифаи хабарнигор дар нашрияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон – “Минбари халқ” кор мекард.
Муаллифи чандин китобҳо буда, ба тарҷума низ машғул буд. Аз ҷумлаи китобҳои ӯ қиссаи «Баҳодури Бағалак” (“Ирфон”, 1980), “Лолаҳои аз хун дамида” (“Ирфон”, 1987), “Аз санг нола хезад” (“Мориф”, 1992), “Зинаҳо ва қулаҳо” (Душанбе — 2001), “Шикаст андар шикаст”, (Душанбе — 2006), “Сипаҳсолори кошифони асрори ниҳон” дар бори академик Аҳрор Мухторов ба табъ расидаанд. Намунаи осоре аз адибони ҷаҳониро ба тоҷикӣ баргардон кардааст.
Мавсуф 21-уми феврали соли 1948 дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Тоҷикобод ба дунё омадааст. Баъди хатми мактаби миёна, солҳои 1967-1969 дар Омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Рӯдакӣ аз рӯи ихтисоси китобшиносӣ таҳсил намудааст.
Солҳои 1969-1977 дар китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаи китобдор, мудири сектори китобхона, мудири китобхонаи факултаи таърих фаъолият доштааст. Аъзои шӯрои илмии факултаи таърих буд. Дар ин давра ӯ ҳамзамон дар рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” дар вазифаи мусаҳҳеҳи хурд кор мекард.
“Лутфулло Бузургзода” унвони яке аз аввалин очеркҳои илмӣ-оммавиаш мебошад, ки дар рӯзномаи “Қаротегини советӣ” (1971) чоп шудааст.
Соли 1972 “Роҳнамои хонанда” ном дастуреро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣро нашр кард, ки ба мавзӯи кадр ва истифодаи китоб бахшида шудааст.
Солҳои 1971-1977 дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, онро бо дипломи аъло хатм кард.
Солҳои 1977-1985 мудири шуъба, котиби масъули рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон” (ҳоло “Ҷавонони Тоҷикистон”)-ро бар уҳда дошт. Солҳои 1989-1991 дар Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд дар бахши рӯзноманигорӣ таҳсил кардааст.
Мавсуф Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1990), узви Иттифоқи нависандагон (1996) ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А. Лоҳутӣ (1993) мебошад.
Бо медали 60-солагии Милисаи тоҷик ва 80-солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мукофоту ифтихорномаҳо мушарраф шудааст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/darguzashti-zhurnalist-mukhammadchon-mirzoshoev