Сӯхтор дар мактаби №1 дар маркази шаҳри Душанбе (АКС)

Шоми имрӯз 9-уми декабр дар мактаби №1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сухтор ба амал омад. 

Ҳодиса тахминон соатҳои 18:20 дақиқа сар зада, дар давоми чанд муддат кормандони хадамоти сухторнишонӣ тавонистанд оташро хомуш кунанд.

Ба гуфтаи кормандони мақомоти оташнишонӣ аз ин сухтор ду синфхона зарар дидаанд, ки яке пурра ва дигарӣ қисман хароб шудааст. Сухтор баъд аз соати дарсӣ рух дода, аз он касе зарар надидааст.

Мақомот мегӯянд, тафтиши қазияро оғоз карда, дар бораи сабабҳои сар задани ҳодиса баъдан муфассалтар хабар хоҳанд дод. Тибқи маълумотҳои пешакӣ гуфта мешавад, ки сухтор дар натиҷаи кафидани ду печи электрикӣ сар задааст.

Кормандони мақомоти интизомӣ барои аксбардорӣ ва наздик шудани кормандони ВАО ба бино монеа эҷод мекарданд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/otashsuzi-dar-maktabi-no1-dar-markazi-shakhri-dushanbe

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *