Хуршеди Атовулло раҳбари Шӯрои ВАО шуд

Хуршеди Атовулло рӯзи 4 декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО раҳбари ин созмони журналистони Тоҷикистон интихоб шуд. Хуршеди Атовуллоҳ дар ин мақом Нуриддин Қаршибоевро иваз кард.

Хуршеди Атовуллоҳ 42 сол дошта, асосгузори Мактаби таҳқиқоти журналистии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи мустақили “Фараж” мебошад.

Шӯрои ВАО як созмони мустақили журналистист, ки дар баробари ҳимоят аз ҳуқуқи хабарнигорон мӯҳтавои матолиби нашрияҳоро аз нигоҳи мутобиқаташон ба кодекси ахлоқи журналистӣ низ пайгирӣ мекунад.

 

http://www.ozodi.tj/archive/news/20151204/538/538.html?id=27406945

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *