Бозигарони навраси Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ (МҶМОВ) ғолиби мусобиқоти футбол барои Ҷоми ҳафтаномаи “СССР” гардиданд.
Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мусобиқоти мазкур 3-юми декабр дар Душанбе ба анҷом расид. Дар бозии ниҳоӣ бозигарони наврас МҶМОВ ба ҳамсолонашон аз академияи дастаи “Истиқлол” бо ҳисоби 3:2 ғалаба карданд.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм наврасони дастаи “Равшан”-и Кӯлоб ҳамсолонашон аз дастаи “Локомотив”-и пойтахтро бо ҳисоби 1:0 шикаст доданд. Дар анҷоми маросими тақдими ҷоизаҳо баргузор шуд. Инчунин, беҳтарин бозигарони дастаҳо низ қадрдонӣ шудаанд. Зайниддин Зидан аз Мактаби футболи Шариф Назаров, Фаррухи Гулмурод (“Фирӯз”), Ҳамза Аҳмадов (“Локомотив”), Ҳалимҷони Насим (“Равшан”) Исмоил Каримов (“Истиқлол”) ва Файзалӣ Ризоев аз МҶМОВ беҳтарин бозигарон дониста шуданд.
Дар мусобиқа наврасони солҳои таваллудашон 2000-2001 доштанд. Бори 8-ум аст, ки мусобиқаи мазкур баргузор мешавад.