Хуршед Атовулло, муассиси Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон интихоб шуд.
4-уми декабр дар ҷаласаи солонаи Шӯрои ВАО Хуршед Атовулло аз миёни 2 номзад раҳбари Шӯрои ВАО интихоб гардид.
Хуршед Атовулло 42-сол дошта, панҷуми роҳбари Шӯрои ВАО мебошад. Қабл аз ӯ ин созмони журналистиро Иброҳим Усмонов, Зиннатуллоҳи Исмоил, Қироншоҳ Шарифзода ва Нуриддин Қаршибоев роҳбарӣ кардаанд.
Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон соли 2009-ум аз ҷониби як қатор созмонҳои журналистӣ, устодони донишгоҳҳо ва хабарнигорони мустақил бо мақсади рафъи мушкилоти журналистон ва танзими робитаи расонаҳо таъсис дода шудааст.
http://www.tojnews.tj/tj/news/hurshed-atovullo-rokhbari-navi-shuroi-vao-intihob-shud