Рустами Ҷонӣ, бунёдгузори рӯзномаи “ИмрӯзNews” аз раҳбарии ин расона канор рафта, фаъолияти кориашро дар радиои “Озодӣ”-и ИМА шурӯъ кардааст.
Дар ягона нашрияи ҳаррӯзаи Тоҷикистон “ИмрӯзNews” гуфтанд, ки ҳудуди ду ҳафта пеш Рустами Ҷонӣ аз кор рафта буд. Ҳоло дар вазифаи продюссери бахши телевизионии радиои “Озодӣ” дар Прага кор мекунад.
Журналист Рустами Ҷонӣ мегуфт, ки бунёдгузори нашрияи мустақили “ИмрӯзNews” худи ӯ мебошад ва ҳеч рабте ба моликони радиои “Имрӯз” надорад. Рустами Ҷонӣ дар ҳоле аз рӯзномаи мазкур даст кашид, ки расонаҳои кишвар дар рӯбарӯи буҳрони молӣ қарор доранд, “ИмрӯзNews” низ аз ин мушкилот дар канор нест.
Кормандони ин нашрия ба расонаҳо, аз ҷумла ба Радиои “Озодӣ” гуфта буданд, ки ҳудуди панҷ моҳ боз ҳақмуздашонро нагирифтаанд. Ба гуфтаи кормандони нашрия, ҳоло тақдири минбаъдаи рӯзнома рӯшан нест.
“ИмрӯзNews” нахустин нашрия дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст, ки аз интиҳои моҳи августи соли 2010 инҷониб дар як ҳафта 5 рӯз ба нашр мерасад. Дар гузашта ин нашрия баҳсҳои судии пуровозае дошт. Аз ҷумла Амонуллоҳ Ҳукумов, собиқ раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” онро барои паст задани шаъну эътибори фарзандаш ба суд кашид. Суд рӯзномаро ҷарима кард. Баҳси судӣ дар пайи як мақолаи “ИмрӯзNews” ба миён омада буд, ки дар бораи Рустам Ҳукумов, писари Амонуллоҳ Ҳукумов навишта шуда буд. Рустам Ҳукумов соли 2008 дар Русия бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт ва чанде пас раҳо шуд. Нашрия ӯро дар баробари Максим Боқиев, писари Қурмонбек Боқиев аз писароне унвон кард, ки «дарди сари падар» шуданд.
Рустами Ҷонӣ аз рӯзноманигорони шинохта мебошад, ки ба ҷуз таъсиси рӯзномаи мазкур, роҳандозии радиоҳои «Ориёно» ва “Имрӯз” низ ба номи ӯ рабт медиҳанд. Радиои “Имрӯз”, ки соли 2007 таъсис ёфт, аз радиоҳои пуршунаванда дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон — Душанбе ва Хуҷанд мебошад. Ибтидо бо пахши хабару гузоришҳояш аз дигар радиоҳои маҳаллии кишвар фарқ мекард. Рустами Ҷонӣ моҳи августи соли 2014 аз раҳбарӣ дар радиои “Имрӯз” барканор шуд. То 21-уми ноябри соли равон муассиси “ИмрӯзNews” буд. То ҳол Рустами Ҷонӣ дар бораи канор рафтанаш аз муассисии “ИмрӯзNews” шарҳи расмие надодааст.
Рустами Ҷонӣ 41 сол дошта, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Солҳои гуногун дар радио ва телевизиони давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Як муддат сармуҳаррири барномаҳои тоҷикии радиои “Ватан” буд. Аз соли 2002 то моҳи августи 2014 мудири иҷроияи ширкати “ОриёноМедиа” буд, ки дар ин муддат радиои “Имрӯз” ва нашрияи “ИмрӯзNews”-ро асос гузошт.
Ширкати “ОриёноМедиа”-ро мутааллиқ ба Ҳасан Асадуллозода, раиси “Ориёнбонк” ва додарӯси Президент медонанд. Ҳамзамон ин шоеаҳо вуҷуд доранд, ки на фақат радиоҳои «Ориёно» ва «Имрӯз”, балки рӯзномаи “ИмрӯзNews” низ аз ҷониби ӯ сармоягузорӣ мешавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/rustami-choni-az-imruznews-ba-ozodi-raft