Сипосномаи Сайёфи Мизроб ба Рустами Эмомалӣ

Дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе даври финалии «Ҷоми ҳафтаномаи СССР» баргузор гардид.

Аз шаш даста дар ду гурӯҳ (а) ва (б) ба даври финалии ин бозӣ ду дастаи шаҳри Душанбе — «Истиқлол» аз гурӯҳи (б) ва МҶМОВ ( Мактаби ҷумҳурияии маҳорати олимпии варзишӣ) аз гурӯҳи (а) роҳ ёфта, бо ҳам рақобат намуданд. Бозӣ миёни ин ду даста хеле шадид сурат гирифта, бозингарони ҳар ду даста барои ҷойи аввал хеле талош намуданд. Аммо футболбозони дастаи МҶМОВ бо маҳорати олӣ бозиро бо ҳисоби 3:2 ба фоидаи худ анҷом дода, сазовори «Ҷоми ҳафтаномаи СССР» гардиданд.

Ҳамин тавр, ҷойи якум ва дуюм насиби дастаҳои Душанбе — МҶМОВ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олимпии варзишӣ) ва «Истиқлол», ҷойи сеюм насиби дастаи «Равшан»-и Кӯлоб гардид.

Дар охири чорабинӣ ба Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ба раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода барои дастгириашон дар ташкили ин чорабинӣ аз ҷониби ҳафтаномаи «СССР» «Сипоснома» ба намояндаи ин ду ниҳод тақдим карда шуд.

Ҳамчунин, футболбозони беҳтарини ин мусобиқа аз ҷониби кумитаи тадорукот бо ифтихорнома ва тӯб қадрдонӣ карда шуданд.

Инак, ҳаштум сол аст, ки мусобиқаи мазкур аз ҷониби ҳафтаномаи «СССР» роҳандозӣ шуда, то кунун дастаи «Равшан»-и Кӯлоб 4 маротиба, «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа 1 маротиба ва МҶМОВ (Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олимпии варзишӣ)-и Душанбе 3 маротиба сазовори «Ҷоми ҳафтаномаи СССР» гардидаанд.

 

http://faraj.tj/news/11634-siposnomai-sayefi-mizrob-ba-rustami-emomal1251.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *