Хуршеди Атовулло аз бемористон баромад

Раиси Марзаки тадқиқоти журналистии Тоҷикистон Хуршеди Атовулло, ки муддати 21 рӯз дар Бемористони Ибни Сино бистарӣ буд, сиҳат шуда, ба кор оғоз намуд.

Дар ин бора Шарифҷон Ғуломов, духтури табобатии Хуршеди Атовулло ба Faraj. tj гуфт, ки вазъи саломатии ӯ қаноатбахш арзёбӣ гардида, пасон аз бемористон ҷавоб дода шудааст: «Саломатии одами солим қаноатбахш аст. Вазъи саломатии Хуршеди Атовулло низ чунин аст».

Ёдовар мешавем, ки мавсуф бо бемории инсулт ба беморхона афтода, идома додан ё надодани фаъолияти кориаш зери суол қарор гирифта буд.

 

http://faraj.tj/news/11609-hurshedi-atovullo-az-bemoriston-baromad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *