Парлумони Тоҷикистон ба мақомоти қудратӣ ва сохторҳои амниятии кишвар ҳақи қатъи иртиботҳои телефонӣ ва Интернет дар ҷараёни баргузории амалиётҳои зиддитеррористиро дод. Тағйиру иловаҳо ба қонуни ҶТ “Дар бораи мубориза зидди терроризм” дар ҷаласаи субҳи имрӯзи парлумон бо аксари овозҳо қабул шуд.
Аз ин ба баъд мақомоти амниятӣ дар ҷараёни баргузории ин ё амалиёти террористӣ дар қаламрави кишвар метавонанд бидуни огаҳӣ ва баррасӣ иртиботҳои телефонӣ ва интернетиро дар навоҳие, ки амалиёт баргузор мешавад, қатъ кунанд.
Ин қонун ҳамчунин ин ҳақро додааст, ки бо назардошти вусъати қаламрави амалиёт мақомот метавонанд барои муддате дар сар то сари кишвар низ иртиботҳои мобилиро қатъ ва шабакаҳои интернетиро масдуд созанд.
Дар баҳси парлумонии лоиҳаи тағйирот ба қонуни ёдшуда Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси Намояндагони МО гуфтааст, ки зарурати ворид кардани ин тағйирот як талаби замон аст. Вай аз густариши доманаи иқдомоти террористӣ ҳарф зада, аз рӯйдодҳои хунини Порис, Афғонистон, Миср ёд кардааст ва гуфтааст, ки Тоҷикистон бояд сари вақт аз вуқуъи ин гуна ҳодисаҳо пешгирӣ намояд.
Мақомти интизомии кишвар дар хулосаи мубориза бар зидди талоши табаддулоти давлатӣ, ки моҳи сентябри соли равон аз ҷониби генерал Абдуҳалим Назарзода роҳандозӣ шуда буд, навиштанд, ки як василаи огаҳии террористон ҳамин иртиботҳои телефониву интернетӣ аст.
Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаи парлумон ҳамчунин аз бе шиноснома фурӯхта шудани симкорти телефонҳои мобилӣ изҳори нигаронӣ кардааст ва гуфтааст, ки ҳоло ба қонунҳо тағйироту иловаҳое ворид карда хоҳанд шуд, ки пеши роҳи ин корҳоро бигиранд.
Зарфи чор соли охир Тоҷикистон дар ҷараёни баргузории амалиётҳои зиддитеррористӣ дар Қаротегин ва Бадахшон борҳо иртиботҳои мобиливу шабакаҳои интернетиро қатъ карда буд.
http://www.tojnews.tj/tj/news/kati-muhobirotu-shabakakhoi-internetiro-dar-tochikiston-konuni-kardand