Вакилон тарҳи қонунан масдуд кардани интернетро баррасӣ мекунанд

Имрӯз, 25-уми ноябр вакилони парламенти Тоҷикистон лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи мубориза бо терроризм”-ро баррасӣ хоҳанд кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни мазкур аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Дар сурати қабули лоиҳаи мазкур Кумитаи амнияти миллии кишвар ҳақи масдудсозӣ ва ё маҳдуд кардани истифодаи алоқаҳои электрониро на танҳо дар навоҳии ҷудогона, балки дар сар то сари кишвар дар ҷараёни роҳандозии амалиётҳои зиддитеррористӣ пайдо мекунад.

Маҳдуд кардани истифодаи воситаҳои коммуникатсионӣ дар Тоҷикистон таҷрибаи нав нест. Дар гузашта борҳо Хадамоти алоқа бидуни нишон додани сабабе иртиботҳои телефониву ирсоли паёмакҳо дар манотиқи даргирро қатъ кардааст, сайтҳои зиёди интернетиро ба иллатҳои “техникӣ” баставу баъди фишорҳои беруна аз сари нав фаъол кардааст.

Аз ҷумла, моҳҳои август ва сентябр дар ҷараёни баргузории амалиёти боздошти зиндониёни фирорӣ ва моҳҳои июл ва августи соли 2012  ҳангоми амалиётҳо дар Куҳистони Бадахшон ин гуна иқдомот пиёда шуда буданд.

Коршиносон иқдоми навбатии парламентро талош барои маҳдуд кардани озодии баёну андеша ва нақзи ҳуқуқи корбарони алоқаҳои электронӣ медонанд.

Қарор аст дар ҷаласаи имрӯзи парламон ҳамчунин иловаҳо ба қонун “Дар бораи Қушӯнҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии ҶТ” ва “Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ” низ баррасӣ шавад.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/vakilon-tarkhi-konunan-masdud-kardani-internetro-barrasi-mekunand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *