Эълон шудани ғолибони озмуни “Хомаи созанда-2015”

Ғолибони озмуни таъсисдодаи Мақомоти иҷрояи вилояти Суғд бо номи “Хомаи созанда – 2015” эълон шуданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилоят,  дар озмуни “Хомаи созанда – 2015” наздик ба 90 нафар довталабон аз васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуда, беш аз 60 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд ба ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро  маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намудааст.

Ҳамин тариқ дар бахшҳои гуногуни озмуни мазкур, Дилрабо Анорқулова – муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Тилав Расулзода — журналисти мустақил, Маъсуми Муҳаммадраҷаб — хабарнигори радиои «Озодӣ», Маъмурахон Самадова – хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», Неъматулло Мирсаидова – директори рӯзномаи «Вароруд», Тоҳир Шарифов — муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд ва дигарон барандагони ҷоизаи “Хомаи созанда-2015” гардиданд.

Озмуни “Хомаи созанда-2015” бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 12-уми марти соли равон эълон шуда буд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/elon-shudani-goliboni-ozmuni-homai-sozanda-2015

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *