Ғайрат Ҳаким, хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж” ва Хуршед Фозилов хабарнигори сайти хабарии Faraj.tj дар озмуни вилоятии «Хомаи созанда – 2015» сазовори ҷойизаву дипломҳо гаштаанд.
Имрӯз, 24 ноябр дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» баргузор гардид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намуд.
Ин озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии журналистон гузаронида мешавад.
Дар озмуни «Хомаи созанда” журналистон дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ ва ғайра маводҳои таҳлилии худро пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд.
Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ», «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин хабарнигор, аккос ва наворбардор» баргузор шуд ва дар он наздик 90 нафар довталабон аз васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд.
Ҳамин тариқ дар бахшҳои гуногун ғолибони озмун — Дилрабо Анорқулова – муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Тилав Расулзода — журналисти мустақил, Маъсуми Муҳаммадраҷаб — хабарнигори радиои «Озодӣ», Маъмурахон Самадова – хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», Неъматулло Мирсаидова – директори рӯзномаи «Вароруд», Тоҳир Шарифов — муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Нӯъмон Умаров — директори телевизиони «ТВ-5»-и шаҳри Конибодом, Маҳмудҷон Аҳмадов – хабарнигори Шабакаи аввали ТВТ, Маҳмадбердӣ Маҳмадов – хабарнигори Телевизиони Сафина, Афзал Босолиев — муҳарири телевизиони «Азия», Қамари Аҳрор — мухбири радиои «IWPR», Хуршед Фозилов – хабарнигори Faraj.tj ва ҳафтаномаи «СССР» дар шаҳри Панҷакент, Ғайрат Ҳаким — -хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж», Абдуллои Фозил – сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Кӯҳистон»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Баҳром Файзуллоев – мухбири ожонсии иттилоотии «Азия-Плюс», «Бобоҷон Қурбонов – муҳаррири телевизиони «СМ-1» ва дигарон бо димлому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.
http://faraj.tj/news/11545-kormandoni-mtzht-so1203ibi-1207oyiza-shudand.html