Натиҷагирӣ аз озмуни «Хомаи созанда-2015» дар Суғд

Дар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Сарвари давлат дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури беш аз 100 нафар журналистон маросими қадршиносии ғолибони озмуни вилоятии «Хомаи созанда — 2015» баргузор гардид ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ғолибони озмун диплом ва ҷоизаҳои пулиро  маҷмуан ба миқдори 150 000 сомонӣ тақдим намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ дар оғози сӯҳбат бо журналистон нахуст кулли онҳоро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт ва барояшон хушиҳои рӯзгорро таманно намуд. Сипас муовини якуми Раиси вилояти Суғд Раҳматзода Рустам Мирзо доир ба натиҷаҳои озмуни имсола баромад намуда, таъкид кард, ки тибқи дастури Раиси вилоят ду сол инҷониб озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ бо мақсади тарғиби дастовардҳои замони истиқлолият, инъикоси муҳимтарин таҳаввулоти иқтисодию иҷтимоии вилоят ва дастгирии журналистон гузаронида мешавад. Соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд аз 12 марти соли 2015 №147 «Дар бораи гузаронидани Озмуни вилоятӣ барои беҳтарин маводи журналистӣ дар соли 2015 таҳти унвони «Хомаи созанда – 2015» ин озмуни вилоятӣ эълон гардида буд. Дар озмуни “Хомаи созанда” журналистон дар бораи тадбирҳо оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак, пешгирии худкушӣ ва дигар зуҳуроти номатлуб, тарғиби «Соли оила», фарҳанги оиладорӣ ва устувории он, тарбияи насли наврас, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва муноқишаҳои оилавӣ, азнавташкилдиҳӣ ва таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми кишоварзӣ, рафти тақсимоти замин ба деҳқонон, бунёди боғҳои интенсивӣ, эҳё ва рушди саноати сабук, ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва адрасбофӣ, ба кор андохтани корхонаҳои бозистодаи саноатӣ, сохтмони корхонаҳои нав ва сармоягузорӣ дар риштаи саноат, идомаи соли роҳҳои обод, рафти ободкориву  созандагӣ, саҳми ҳокимият, соҳибкорон ва аҳолӣ дар беҳтар гардонидани ҳолати роҳҳо, инчунин рафти корҳои таъмиру тармими хатҳои нақлиётӣ, соли рушди фарҳанг ва гулҳо, вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, баланд бардоштани ҳисси зебоипарастии шаҳрвандон, эҳёи анъанаҳои миллӣ аз қабили рӯзгордорӣ, таомпазӣ ва меҳмондорӣ, фаъолияти чойхонаҳои миллӣ, эҳё ва ҷалби ҷавонон ба варзиш, аз ҷумла ба намудҳои миллии он — чавгонбозӣ, гуштингирӣ, сохтмони иншооти варзишӣ маводҳои таҳлилии худро, ки дар марҳилаи аз 1 январи соли 2015 то 1 октябри соли 2015 пахш ва ё нашр гардидааст, пешниҳоди ҳайати ҳакамон намуданд. Озмуни мазкур аз рӯи номинатсияҳои «Соли оила ва масъалаҳои актуалии ҷомеа», «Масъалаҳои марбут ба рушд ва ислоҳоти кишоварзӣ», «Масъалаҳои марбут ба рушди саноати сабук ва ободии роҳ», «Соли рушди фарҳанг ва гулҳо», «Таҳқиқоти журналистӣ», «Беҳтарин хабарнигор, аккос ва наворбардор» баргузор шуд ва дар он наздик 90 нафар довталабон аз васоити ахбори оммаи вилоят иштирок намуданд. Тибқи баҳогузории ҳайати ҳакамон, ки ба он намояндагони мақомоти давлатӣ ва журналистони собиқадори вилоят шомил буданд, дар бахшҳои гуногуни озмун беш аз 60 нафар ҷойҳои ифтихориро соҳиб гардида, бо мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд. Ба иттилои муовини якуми Раиси вилоят дар номинатсияҳои гуногуни озмун 44 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ соҳиб шудаанд.

Сипас Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар фазои идона ба 44 нафар ғолибон ва 14 нафар иштирокчиёни фаъоли озмун диплому мукофотпулиҳоро тақдим намуд. Ҳамин тариқ дар бахшҳои гуногун ғолибони озмун — Дилрабо Анорқулова – муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Тилав Расулзода — журналисти мустақил, Маъсуми Муҳаммадраҷаб — хабарнигори радиои «Озодӣ», Маъмурахон Самадова – хабарнигори рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Суғд», Неъматулло Мирсаидова – директори рӯзномаи «Вароруд», Тоҳир Шарифов — муҳаррири Идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд, Нӯъмон Умаров — директори телевизиони «ТВ-5»-и шаҳри Конибодом, Маҳмудҷон Аҳмадов – хабарнигори Шабакаи аввали ТВТ, Маҳмадбердӣ Маҳмадов – хабарнигори Телевизиони Сафина, Афзал Босолиев — муҳарири телевизиони «Азия»,  Қамари Аҳрор — мухбири радиои «IWPR», Хуршед Фозилов – хабарнигори ҳафтаномаи «СССР» дар шаҳри Панҷакент, Ғайрат Ҳаким — -хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж», Абдуллои Фозил – сармуҳаррири рӯзномаи «Паёми Кӯҳистон»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, Баҳром Файзуллоев – мухбири ожонсии иттилоотии «Азия-Плюс», «Бобоҷон Қурбонов – муҳаррири телевизиони «СМ-1» ва дигарон бо димлому мукофотпулиҳо сарфароз гардонида шуданд.

Дар анҷоми чорабинӣ Раиси вилоят ба журналистон оид ба корҳои бунёдкориву созандагие, ки дар вилояти Суғд ҷараён доранд, маълумот дода, аз рӯзноманигорон даъват ба амал овард, ки барои баланд бардоштани номи Тоҷикистон ва инъикоси масоили мубрами рӯз ва пешравиҳои назарраси соҳаҳои хоҷагии халқ боз ҳам талош намоянд.

Раиси вилоят ҳамзамон дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма эълон дошт, ки озмуни мазкур дар соли 2016 низ баргузор мегардад. Изҳори умед карда шуд, ки соли оянда теъдоди иштирокчиёни озмун боз ҳам бештар мегардад. Пасон як қатор ғолибон ва ҳайати ҳакамон барои дастгириҳои роҳбарияти вилоят изҳори сипос намуданд.

 

http://news.tj/tj/news/nati-agir-az-ozmuni-khomai-sozanda-2015-dar-su-d

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *