Журналисти шабакаи аввал даргузашт

Бахтиёр Сафаров, журналист ва яке аз тадқиқотгари шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон бар асари фишори баланди хун даргузаштааст.

Дар ин бора Абдураҳмон Раҳмонов, яке аз дӯстони наздики ӯ дар шабакаи иҷтимоии фесбук хабар додааст.

Бахтиёр Сафаров дар синни 47-солагӣ дар беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» -и пойтахт бар асари фишорбаландӣ даргузаштааст. Маросими дафни ӯ дар зодгоҳаш шаҳри Кӯлоб баъди зуҳри 21-уми ноябр доир гардидааст.

Бахтиёр Сафаров аз таҳигарони барномаи «Тадқиқоти журналист»-и «Шабакаи аввал” буд ва инчунин барномаҳои таҳлилӣ таҳия мекард.

 

http://faraj.tj/main/11530-zhurnalisti-shabakai-avval-darguzasht.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *