Аброри Зоҳир, нависанда, журналист ва таҳлилгари тоҷик субҳи имрӯз, 23 ноябр ба таври ногаҳонӣ дар ҷойи кораш аз олам гузашт.
Бино ба гуфтаи фарзандонаш Аброри Зоҳир, ки ахиран директори муассисаи давлатии “Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даварӣ” буд, вақтҳои охир аз бемории қанд ранҷ мекашид.
Аброри Зоҳир соли 1965 дар шаҳри Сарбанд ба дунё омадааст ва соли 1987 факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Фаъолияти кории ӯ чун хабарнигор аз рӯзномаи вилоятии “Ҳақиқати Хатлон” оғоз шудааст. Баъдан аз Қурғонтеппа ба Душанбе омадааст ва муддате дар вазифаҳои мудири шуъбаи илм ва фарҳани ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат”, сармуҳаррири ҳафтаномаи “Ҷаҳони паём” кор кардааст.
Солҳое Директори телевизион ҳам буд ва баъдан дар вазифаи директори “Тоҷикфилм” ва сармутахассиси шуъбаи иттилоотию таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон кор кардааст.
Соли 2012 Директори Муассисаи давлатии “Фурӯш ва паҳни китобу нашрияҳои даврӣ” таъин шуд ва то лаҳзаҳои охири умр дар ҳамин вазифа кор кард.
Муаллифи 15 роман ва 20 повест, чандин филмномаҳо буда, ин ҳама дар 10 маҷмуъа гирдоварӣ ва чоп шудаанд.
Узви Иттифоқи нависандагон, Иттифоқи журналистон, Иттифоқи киноматографистон ва унвони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» буд.
Маросими видоъ бо Аброри Зоҳир то зуҳри имрӯз дар манзилаш воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/abrori-zokhir-kham-tarki-olam-kard