Шоир Озарахш сардабири маҷаллаи “Паёми Суғд” шуд

Шоир Толиб Озарахш сармуҳаррири маҷаллаи “Паёми Суғд” таъин шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, бо қарори раиси вилоят аз 16-уми ноябр Толиб Озарахш ба вазифаи сармуҳаррири моҳномаи адабӣ ва илмию оммавии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд – маҷаллаи “Паёми Суғд” таъин шуд.

Қаблан дар ин вазифа шоир Неъмат Оташ кор мекард, ки 8-уми ноябр дар синни 62-солагӣ аз дунё даргузашт.

Толиб Карими Озарахш 13-уми августи соли 1963 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1985 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст.

Дар вазифаҳои муҳаррири Кумитаи телевизион ва радиошунавоии Тоҷикистон, корманди шӯъбаи Ленинободии ҷамъияти китоб, директори филиали вилоятии коргоҳи истеҳсолӣ-эҷодии “Союзтеатр”-и шаҳри Ленинобод, муҳаррири телевизиони вилояти Суғд кор кардааст. Аз соли 2002 то ба ҳоло хабарнигори ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” буд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/shoir-ozarahsh-sardabiri-machallai-payomi-sugd-shud

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *