«Нури маърифат» дар Вахш

Ҳукумати ноҳияи Вахш дар ҷануби Тоҷикистон ҳафтаномаи «Нури маърифат»-ро таъсис додааст, ки шумораи аввалини ин ҳафтанома аввали моҳи ноябр аз дасти нашр баромада ва кормандонаш барои нашри дувуми ин ҳафтаномаи навтаъсис хабару мақолаҳо ҷаъмоварӣ мекунад.

Ин ҳафтанома бо кумаки молии ҳукумати ноҳия ва идораи маъориф ва илми ин ноҳия таъсис ёфтааст, ки 90 дар сади хабару мақолаҳояш аз ҳаёфти омӯзгорону хонандагон ва рушди соҳаи маорифи ин ноҳия будааст, ки дар марҳилаи аввал 100 нусза аз чоп баромад.

Шабафрӯз Солеҳова, сармуҳаррири ин ҳафтаномаи навтаъсис дар суҳбат ба АМВАОМТ рӯзи 4 ноябр  гуфт, ки «Нури маърифат» ҳафтаи гузашта аз дасти чоп баромада ба дасти устодон ва хонандагони мактабҳои ноҳия тақдим карда шудааст.

Идораи маъориф ва илми ин ноҳия мегӯяд, ки ҳафтанома, ки ҳоло дар як моҳ як маротиба нашр мешавад ба хотири инъикоси рушди соҳаи маорифи ин ноҳия будааст, ки соли ҷорӣ ба дастовардҳои беназире ноил шудаанд.

Чанд моҳи пеш дар шаҳри Норак низ ҳафтаномаи соҳавии идораи маъориф ва илми ин ноҳия аз дасти нашр баромад, ки бо кумаки молии идораи маорифи ин шаҳр нашр мешвад ва ба дасти хонандагону омӯзгорон расонида мешавад.

 

Хадамоти мониторингии АМВАОМТ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *