Хабарнигори Хабаргузории Агентии «Авесто» Абдураҳмон Раҳмонов ғолиби нахустин озмуни эҷодии ВАО «Ҳамгироӣ ва рушди Авру-Осиёии асри 21» гардид.
Мақолаи Абдураҳмон Раҳмонов «Ҷиҳатҳои «мусбӣ» ва «манфӣ»-и ҳамгироии Авру-Осиё», ки дар доираи озмуни Ҳамгироии рушди Авру-Осиё дар сомонаи Авесто пахш гардида буд, «Беҳтарин мавзӯъи сомонаи хабарӣ» эътироф гардид.
Гуфта мешавад, ки ҳангоми маросими ҷоиизасупорӣ ба ғолибони озмун, ки дар дар шаҳри Маскав доир гардид, зиёда 100 маводҳои мавзӯӣ аз Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, ва Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Озмуни кушодаи эҷодии «Ҳамгироӣ ва рушди Авру-Осиёии асри XXI» барои беҳтарин мавод дар ВАО оид ба ҳамгироии минтақавии иқтисодӣ ва рушди устувор дар минтақа аст, ки аз ҷониби Бонки рушди Авру-Осиё амалӣ карда мешавад.
Барои иштирок дар озмун рӯзноманигорони давлатҳои аъзои Бонки рушди Авруосиё аз зумраи Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон, намояндагони мақомоти ахбор, рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва нашрияҳои онлайн, инчунин телевизион даъват гардида буданд.
Баҳогузории иштирокчиён бо машварати коршиносон анҷом ёфтааст. Ба шӯрои машваратӣ ҳамзамон журналистони аъзои Бонки рушд дохил буданд.
http://faraj.tj/news/11286-abdura1203moni-avesto-dar-maskav-1207oiza-girift.html