Хидматгори беминнат. Расонаҳои мустақил дар ҳоли суқут қарор доранд

Нимаи дуюми моҳи сентябр вазорати корҳои хориҷии ИМА ҳисоботи солонаи дипломатияи мардумӣ ва расонаҳои хориҷиаш дар соли 2014 дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказиро расонаӣ кард. Тибқи он, ИМА барои буҷаи бахши тоҷикии радиои «Озодӣ» дар соли 2014 1 миллиону 603 ҳазор доллар ҷудо кардааст. Барои пахши барномаҳо маблағи иловагӣ дар ҳудуди 80 ҳазор доллар пардохт мешавад.

Радиои «Озодӣ» дар чанд соли пеш аз расонаҳои пешсафу хабарсоз дар фазои расонаии кишвар буд. Муҳтавои онро бештари расонаҳои чопии Душанбе думбол мекарданд. Бо тағйири раҳбарияти радиои «Озодӣ» ва аз кор рафтани рӯзноманигорони қавиаш, ки то ҷое бо мусоидати вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон (тариқи аккредитатсия) сурат гирифтааст, муҳтавои ин расона низ хеле ба сӯи заъф тағйир ёфт. Метавон гуфт, ки ҳамаи ин муваққатӣ буда, дар ҳолати зарурӣ ИМА аз ин василаи пуриқтидораш истифода хоҳад бурд. Аммо Тоҷикистон дар баробари чунин расонаи серпул чӣ дорад?

Расонаҳои Тоҷикистон

Дар чанд соли охир расонаҳои мустақили чопиву интернетӣ як нангро аз рӯи шонаҳои ҳукумати Тоҷикистон дур карданд. Тоҷикистон аз кишварҳое буд, ки фазои расонаияш дар зери асорати русҳо қарор дошт. Ҳарфи аввалро расонаҳои русӣ мегуфтанд. Дар ин фазо ҳоло то ҷое 5-6 нашрияи мустақили иттилоотиву сиёсӣ ва чаҳор хабаргузории кишвар мавқеъи муассиртар доранд. Аммо ҳамоно шабакаҳои телевизионии русӣ дар Тоҷикистон аз пурбинандатарин телевизионҳо боқӣ мондаанд. Чун шабакаҳои телевизионии давлатӣ дар баробари онҳо рақобатпазир нестанд. Расонаҳои мустақиланд, ки нанги дар зери асорати расонаи русӣ қарор доштанро то ҷое тоза карданд… Ин аст, ки Русия ду соли пеш дар садади сабти ном кардани намояндагии «Россия сегодня» (Русия имрӯз ё Russia Today) шуд. Дар ҳоли сабти ном шудан аз бузургтарин расонаи Русия дар Тоҷикистон хоҳад буд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» аз бузургтарин расонаҳои давлатии кишвар аст, ки ҳудуди 100 штати корӣ дорад. Аммо нақши он дар сохтани афкори омма ва хабарсозӣ нисбат ба расонаҳои мустақил ба сирф баробар аст. Дар замоне, ки ин матлаб омода мешуд, серхонандатарин хабари рӯзи ин хабаргузорӣ «Дар Душанбе боз як ноҳияи нав таъсис дода мешавад»-ро ҳамагӣ 156 нафар дидаанд. Ин худ гувоҳ аз сатҳи фаъолияти ин расона аст. Вазъи расонаҳои чопие, ки аз буҷаи давлат маблағгузорӣ мешаванд, аз «Ховар» беҳ нестанд. Ба як ҷумла, обунаи маҷбурӣ бақои ин расонаҳоро таъмин мекунанд. Обуна ба буҷаи нашрияҳои ҳукуматӣ 100-ҳо ҳазор сомониро ворез мекунад.

5-6 ҳафтанома ва чанд хабаргузории мустақил ба институтҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандии кишвар табдил шудаанд. Барои ҳар як давлате, ки иддиои демократӣ буданро дорад, будани чунин расонаҳо як амри табиӣ мебошад. Матбуоти мустақили тоҷик аз ғунҷоиши доираи сиёсии Тоҷикистон фаротар рафтааст. Ҳатто таҳлилгарони соҳа мегуфтанд, матбуоти мустақил на танҳо вазифаи худро, балки вазифаҳои ҳизбҳои сиёсии оппозитсиониро низ иҷро мекунад. Дар ҳолатҳое дар муқобили ақидаи ҳукумат ақидаи алтернативиро пешниҳод мекунанд. Шояд ин яке аз баҳоҳои баландтарин нисбат ба матуботи озоди Тоҷикистон бошад.

Аммо ҳоло ин расонаҳо дар вазъи бади молиявӣ қарор дошта, дар миёни будану набудан қарор доранд. Мушкили молиявӣ ба домани бештари расонаҳои мустақили кишвар чанг задааст. Шикасти ин расонаҳо ба рукуди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвар ба анҷом мерасад. Ҳукумат бо расонаҳояш дар баробари дастгоҳҳои муқтадири хориҷӣ мемонад, ки ҳеч гоҳ ба нафъи давлат ба анҷом намерасад. Шояд рукуди расонаҳои мустақил ба нафъи гурӯҳе, мансабдоре, ё нафари дигаре бошад… Ва ҳатто бархе «хирадмандона» аз қатъи фаъолияти онҳо истиқбол кунанд. Аммо ин хандидан ба ҳоли худ хоҳад буд.

Расонаҳои мустақил

«Озодӣ» ба Конгресси ИМА тааллуқ дорад. «Ҷумҳурият» аз ҳукумати Тоҷикистон ва президент мебошад. Пас матбуоти мустақил мутааллиқ ба кист?

Ин нуктаҳо чанд сол қабл дар «Нигоҳ» нашр шуда буданд. Дар Тоҷикистон ба мисли дигар кишварҳои демократӣ сармоядоре омода нест, ки ҳафтаномаҳои мустақилро аз нигоҳи молиявӣ дастгирӣ намояд, зеро метарсад, ки ӯро сармоягузор ва дахил дар сиёсат надонанд. Ҳукумат ҳеч вақт моил ба маблағгузории расонаҳои мустақил набуд, балки, бархе аз сиёсатсозон, то ҳол онҳоро ҳатто «душман» мехонанд. Гурӯҳҳои молиявӣ қариб, ки расонаҳои мустақилро хуш надоранд. Ягон сармоядори номии кишвар муассиси ягон расонаи мустақили Тоҷикистон нест. Ҳамагӣ онҳое мебошанд, ки чархаи гардиши ҳафтаномаро дар такя ба маблағи хонанда, реклом, PR-матлабҳо ва амсоли инҳо пеш мебаранд. Аҳзоби сиёсии кишварамон, ки худ дар ҳолати қашшоқӣ қарор доранд, ба матбуот кӯмаке карда наметавонанд.

Як назари сатҳӣ ба саҳифаҳои матбуоти мустақил кофист муайян намоем, ки дар зери таъсири гурӯҳеву ниҳоде ҳастанд, ё на. Аз нигоҳи молӣ ҳафтаномаҳои мо мустақил мебошанд. Гарчи дар доираҳои берун аз матбуот чунин андеша ҳам ҷой дорад, ки ҳафтаномаҳои мустақил аз ҷониби ташкилотҳои хориҷӣ маблағгузорӣ мешаванд. Ҳафтаномаҳои мустақил аз нигоҳи эҷодӣ бештар аз ҳама дар зери таъсири сармуҳаррир ва муассис қарор доранд. Он ҳам бештар ба ҷанбаи маҳаллӣ мепечад.

Як нукта бояд таъкид шавад, ки таҳлили воқеъии муҳтавои нашрия ва расонаҳои мустақил сирф аз нигоҳи давлатмеҳварӣ кофист, ки муҳтавои онҳоро нишон диҳад. Дар бештар маврид нисбат ба расонаҳои ҳукуматӣ матбуоти мустақил аз барномаҳои ҳукуматие, ки ба нафъи миллату мардум равона гардидаасту зери интиқоди бегонагон қарор гирифтааст, хубтару муассиртар дифоъ намудаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки 2,5 ҳазор нусхаи ҳафтаномаи мустақил аз шумораи 6 маротиба бештари матбуоти расмӣ муассиртар буда, дар офариниши афкори омма саҳми назаррасе дорад. Дар ҳимояи манфиатҳои давлативу миллӣ, ҳатто гоҳо ҳукуматӣ расонаҳои мустақил бо маблағгузории ночиз аз расонаҳои расмӣ пешсафтар будаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар расонаҳои мустақил барои ҷалби обуна ва хонандагон ба мисли нашрияҳои расмӣ дар ташкилоту ниҳоде нафаре масъул нест, ки хонандагонро ҷалб намояд. Барои омода намудани мақола, нашр, фурӯш ва дигар мушкилоти чопи ҳафтанома рӯзноманигорон масъул мебошанд. Буҷаи солонаи ҳафтаномаҳои мадди назари мо ба ҳисоби миёна аз 50 ҳазор доллари ИМА бештар нест. Аз ин ҳам камтар низ мебошанд ва барои дахолат накардан ба асрори тиҷоратии ҳафтаномаҳо ин ҳисобҳоро канор мегузорем.

Зикри ин нукта ба маврид аст, ки ин ҳама саъюу талош ва ҳатто аз худгузаштагии кормандони матбуоти тоҷик дар 20 соли ахир қариб сирф аз рӯи садоқат ба Ватан ва дӯст доштани касб будааст. Он озодии баёне, ки дар матбуоти Тоҷикистон ба назар мерасад, аз рӯи содоқат ва касбият тавлид шудааст. Дар ҳоле, ки имрӯз таъминкунандаи озодии баён дар пешрафтатарин расонаҳои озодгӯи дунё маблағ ба ҳисоб меравад. Сарфи маблағҳои ҳангуфт аст, ки расонаҳои хориҷӣ барои аз худ кардани фазои иттилоотии ҳар кишваре дод аз озодии баён мезананд. Сарфи маблағ дар матбуоти тоҷик бо қиёс аз расонаҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба сирф баробар мебошад. Пас дар чунин ҳолат Ҳукуматро зарур аст, ки барои таъмини бақои ин расонаҳо дар замони рукуди молиявӣ бетараф набошад.

Ба таваҷҷуҳи Абдуҷаббор Раҳмонзода!

Чаро ба таваҷҷуҳи Абдуҷаббор Раҳмонзода, на ин ки ба ин ё он ниҳод? Абдуҷаббор Раҳмонзода ёрдамчии Президенти ҶумҳурииТоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа мебошад. Аз рӯи вазифа ва масъулияте, ки ба дӯш доранд, зарур аст, ки ба ин масъала аз диди давлатмардона муносибат кунанд. Танҳо ӯ низ метавонад ин корро кунад. Агар давлат барои ҳифзи расонаҳои мустақил аз ҳоло дастбакор шавад, фурсатест муносиб. Агар ба муборизаҳои расонаӣ дар кишвар бетараф набошад, бардоштани қадамҳои минбаъда ба нафъи ҷомеа хоҳад буд:

1. Барои ҳимояи манфиатҳои аслии миллати тоҷик дар фазои расонаӣ пеш аз ҳама дар ташаккули журналистикаи воқеан миллӣ ва касбӣ саҳм гирад. Зеро бо журналистикаи идеологие, ки дар хидмати ҳукумат имрӯз қарор доранд, ба ҳадафе расидан дар асри имрӯз ғайри мумкин аст. Се мутахассиси номии ИМА — Алберт Фред С., Шрим Уилберг ва Петерсон Теодор дар соли 1956 чаҳор назарияи матбуотро таъриф додаанд: авторитарӣ, либертарианӣ, назарияи масъулияти иҷтимоӣ ва назарияи Шӯравии коммунистӣ. Ин чаҳор назарияи матбуот пеш аз ҳама на бо нуқтаҳои назари гуногун ва консепсияҳо, балки аз нигоҳи вобастаӣ ба кадом режими ҳокимияти вақт ва ҷомеа тавоффут доранд. Аз рӯи ин назарияҳо шакли фаъолияти матбуоти расмии Тоҷикистон хоси назарияи авторитарӣ, ё худ идомаи фаъолияти коммунистии матбуот мебошад.Чизе, ки режими мавҷуда аз матбуот хоҳад, аз рӯи он бояд амал намояд. Натиҷааш ҳам маълум. Матбуоти расмии Тоҷикистон айнан боқимонда аз замони Шӯравӣ буда, бо такя ба шонаҳои кулли кормандони соҳаи буҷавӣ «зинда» мебошад. Бо чунин ҳол, аз ин нашрияҳо умед кардани он, ки дар пур кардани халои иттилоотӣ нақше дошта метавонанд, камоли хушбоварии фиребандае беш нест. Бояд журналистикаи касбӣ ва миллӣ ба миён оварда шавад.

2. Солҳои пеш дафтари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Душанбе барои чанд нашрияи мустақил кумаки техникӣ дар шакли коғаз мерасонд. Ин тадбирро давлат низ метавонад роҳандозӣ кунад.

3. Дар қадами сеюм ҳукумат метавонад нашрия ва расонаҳои мустақили иттилоотӣ ва сиёсиро аз пардохти ҳамагуна андоз озод кунад. Андози солонаи 5-6 расонаи мустақили кишвар шояд 200 ҳазор сомониро ташкил накунад. Таъсири ин маблағ ба буҷаи кишвар ба ҳеч баробар аст. Барои кӯмаки техникӣ низ маблағи ҳангуфте сарф намешавад. Аммо ин қадамҳо ба боло бурдани имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ барои ҳимоя аз озодии баён мусоидат мекунад.

4. Барои роҳандозии ин қадамҳо аз пешниҳоди собиқ вакили Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода метавон кор гирифт. Тахминан соли 2012 Давлаталӣ Давлатзода дар ҷаласае дар парламент гуфта буд, ки бояд маблағгузории нашрияҳои музофотӣ аз буҷет хориҷ карда шуда, ба ҷои онҳо нашрияҳои мустақил маблағгузорӣ карда шаванд. Ин пешниҳод мавриди таваҷҷӯҳ қарор нагирифт. Ҳол он ки онро нафаре ироа дошт, ки солҳо то 1,2 млн сомонӣ обунапулии «Минбари халқ»-ро барои корҳои ҳизбӣ истифода мекард.

Хулоса, матбуоти мустақили Тоҷикистон дар ҳоли суқут аст! Ҳамон матбуоте, ки дар ҳимоят аз манофеъи миллӣ бепул дар хизмати ҳукумат буд. Ҳукумате, ки як мансабдори оддиаш бо миллионҳо сомонӣ ва садҳо ҳазор доллар пора боздошт мешавад, аммо расонаи мустақилаш аз он то ба ҳол сомоние дарёфт накардааст. Фикр кунед, ҷанобон, ҳамин хизматгори беминнат ба Шумо оё даркор аст? Ё шумо фикри дигар доред?

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/hidmatgori-beminnat-rasonakhoi-mustakil-dar-kholi-sukut-karor-dorand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *