Бозхонди узвияти Акбари Саттор ва Ҷалолиддин Маҳмуд дар КМИР

Президент Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст, ки узвияти се нафар аз аъзои Комиссияи марказии интихобот раъйпурсӣ бозхонд карда шавад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, пешниҳоди Президент ба бозхонди се нафар узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимова Вера Петровна, Маҳмудов Ҷалолиддин Бурҳониддинович ва Сатторов Акбаралӣ Қурбонович ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардиданд.

Ҷалолиддин Маҳмудов, узви раёсати олии ҲНИТ (ҳизби мамнуъшуда дар Тоҷикистон), ки узви КМИР буд, 10-уми феврали 2015 аз ҷониби мақомот бо ҷурми нигоҳ доштани силоҳ боздошт шуда буд. Моҳи июли соли равон бо ҳукми суд барои 5 сол равонаи зиндон гардид.

Инчунин, узви дигар КМИР журналист Акбаралӣ Сатторов, раиси Иттифоқи журналистон 28-уми августи соли равон дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/bozhondi-uzviyati-akbari-sattor-va-chaloliddin-makhmud-dar-kmir

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *