Орзу Исоев: Зевар Давлатзода ягон касро аз кор нарондааст

Тайи чанд рӯзи охир сарусадо нисбати маҷбуран аз кор ронда шудани 50 нафар кормандони ТВС аз ҷониби роҳбари ин шабакаи телевизионӣ Зевар Давлатзода вирди забонҳост.

Дар ҳамин замина, сӯҳбате доштем бо Орзу Исоев, корманди телевизиони «Сафина», ки оё дар ҳақиқат чунин нақзи ҳуқуқи кормандон аз сӯи роҳбарияти ТВС ба амал омадааст ё на?

Орзу Исоев: — Аслан, ман аз он рӯзе, ки ба ТВС баргаштаму ба кор сар кардам, аз ҳамин рӯз Зевар Давлатзода ва роҳбарияти кунунии ТВ «Сафина»-ро намешиносам. Солҳои сол ман бо кор, фаъолият ва пешрафту муваффақиятҳои роҳбарияти кунунии «Сафина» ошноӣ дорам. Ман ҳамчун шахси нейтралӣ ҳарф мезанам, ҳамчун як нафаре ҳарф мезанам, ки ҳеҷ гоҳ лаганбардори ягон роҳбаре набудам. Манн аз дидгоҳи шахсе ҳарф мезанам, ки ҳеҷ гоҳ пойбанди ғуруру худхоҳии роҳбаре набудам ва нестам. Ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки ман аз кор мераваму фоидаи бисёр калону ҳангуфтеро аз даст медиҳам. Ман ғайр аз маош назари тамаъҷӯёна ба ягон сарчашмаи молиявии дигар надоштам ва надорам. Ман имрӯз аз зовияи ҳамон рӯзноманигоре ҳарф мезанам, ки шумо мешиносед, аз зовияи рӯзноманигоре, ки барои барқароршавии адолати иҷтимоӣ тамоми маҳорату малакаи касбиашро истифода мекард. Дар таъсисёбии ТВС ҳиссаи Зевар Давлатзода ва дигар рӯзноманигорон хеле калон аст, яъне аввалин хиштҳои эҷодиро маҳз ҳаминҳо гузоштанд ва инҳо ҳеҷ гоҳ наметавонанд аз пешравии ТВС дуру ҷудо бошанд. Илова бар ин, замони донишҷӯии ман Зевар Давлатзода, ки мактабҳои маъруфи журналисткаи касбӣ, бахусус мактаби Познер, мактаби ихтисосии Интернюсро хатм карда буд, дар машварату семинарҳои чандин мамлакатҳои хориҷӣ иштирок карда буд, барои мо ҷавонони донишҷӯ дар шаҳри Қӯрғонтеппа семинар-тренингҳои касбӣ мегузашт. Мо ҳамаи нозукиҳои касби журналистика, тарзи гузоришсозӣ, истифодаи имову ишора, хулоса, ҳамаи нозукиҳои касби рӯзноманигори телевизионро аз Зевар Давлатзода омӯхтем ва ман бо садои баланд эътироф мекунам, ки Зевар мутахассиси хуби касби журналистикаи телевизион аст ва шогирдони зиёдеро дар ин соҳа тарбия ҳам намудааст. Аксарият медонанд, ки Зевар Давлатзода факултаи шарқшиносиро хатм кардааст ва хати форсиро хеле хуб балад асту бо забони ноби тоҷикӣ олӣ ҳарф мезанад. Тамоми маҷлисҳо аз ҷониби роҳбарияти нави ТВС бо забони тозаи тоҷикӣ гузаронида мешаванд, бар истиснои муроҷиат ба кормандоне, ки русзабонанд. Масалан, дар муҳосиботи мо зани русзабон кор мекунад. Вақте ки масоили муҳосибӣ пайдо мешавад, дар ҷаласаҳо бо забони тозаи русӣ ба ӯ муроҷиат мекунад. Дигар ҳама маҷлисҳо пурра бо забони ноби тоҷикӣ гузаронида мешаванд.

Faraj.tj:- Шикояткунандагон мегӯянд, ки ибораи дӯстдоштаи Зевар Давлатзода «Ты кто такой!? Давай, до свидания!» мебошад ва ӯ ҳангоми ба хашм омаданаш нисбати ягон кормандаш аз ин ибораи дағал истифода мебарад. Оё ин дуруст аст?

Орзу Исоев:- Ин сухан комилан дурӯғ аст. Чунин гап нест. Аз ибтидои корам, ягон маҷлисе набуд, ки дар он иштирок накарда бошам. Ҳозир ҳам маҷлис аз соати расо 8-и субҳ то 10 мегузарад ва ягон маротиба чунин сухани таҳқиромезро нисбати кормандон нашунидаам. Эрод мегирад, чунки мутахассиси касбӣ аст, барои эроди гирифтааш, барои ислоҳи камбудӣ мисол меорад, ки чи кор кардан даркор аст, барои беҳбудии барнома боз чанде мисол меорад. Дар шикоятномаи рӯзноманигорони гӯё таҳқиршуда омадааст, ки коргарони пешинаро бад мебинаду ба коргарони наве, ки аз «Баҳористон» омадаанд, шонс медиҳад. Ин дурӯғи маҳз аст. Дар давоми фаъолияти кориаш чанд маротиба барномаи хуби ҳафта эълон карда, барномаҳои кормандони пешина Таҳминаи Тоҷиддин, Нигинаи Мумин, Ҷамшед Олимов ва чанди дигарро мавриди таърифу тавсиф қарор дода, ба онҳо мукофотпулӣ таъин намуд. Агар нисбати коргарони пешина хусумат медошт, ба чунин ҳавасмандкунӣ даст намезад. Баръакс, дар ҳар як маҷлис таъкид мекунад, ки мо бояд муттаҳид шавем. Илова бар ин, ман якум роҳбареро мебинам, ки то соати 10-11-и шаб дар идора нишаста, коғазу қалам дар даст барои рӯзи дигар барномарезӣ, тарҳрезӣ, нақшасозӣ мекунад. Ҳоло шикоят кардаанд, ки «то соати 7-8 дар корхона мемонанду зану фарзанд доранд». Ин ҳама шикояти ҳамонҳоест, ки тӯли солҳо коҳил шудаанду танбал. Намехоҳанд кор кунанд. Вале Зевар Давлатзода мехоҳад ҳама кор кунанд, меҳнат кунанд, барномаи хуб омода намоянд. Ман шоҳиди маҷлисҳо ҳастам, ягон таҳқирро дар ҳаққи касе нашунидаам. Дипломатияи хуб дорад. Нафароне айни ҳол забон баровардаанд, ки аз худ ягон барномаи хубу мукаммалу тамошобоб надоранд. Вале нафароне, ки дар ТВС мавқеъ доранду барномаҳои хуб таҳия ва пешниҳоди тамошобин менамоянд, то ҳозир кор карда истодаанд. Касе, ки мавқеъ надошту аз пашша фил месохт, ё обро лой карда, моҳӣ медошт, маҳз ҳамонҳо ин корро ташкил карданд. Ғайр аз семинарҳои байналмилалию шогирди мактаби Познер будан, Давлатзода боз мактаби сиёсатшиносии Русияро хатм кардааст. Бинобар ҳамин, ин бону ҳеҷ гоҳ наметавонад хилофи сиёсати кишвар қадаме бимонад, чунки худаш сиёсатшинос аст. Имрӯз барои ТВ як мутахассиси хубе мебошад, ки метавонад аз таҷрибаву малакаи худаш садҳо кадри дигар омода намояд.

Faraj.tj:- Оё дар ҳақиқат 50 нафар аз кор пеш карда шудаанд?

Орзу Исоев:- Ҳеҷ кас аз кор пеш карда нашудааст. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти кориам дар ТВ дар тамоми маҷлисҳое, ки ҳар ҳафта як бор бо ширкати роҳбарияти ТВС доир мегардад, иштирок мекунам. Ҳамеша ҳарфи роҳбарият ҳамин аст, ки мо бояд дастҷамъона корро пеш барем. Талаботи кор дар асоси Кодекси меҳнати ҶТ ба роҳ монда шудааст. То ин замон касе, ки карахт буду штатӣ кор мекард, по болои по монда, теъдоди зиёди кормандони ҷавони ғайриштатиро мисли ғулом истифода мебурд. Онҳо бо азобу бо меҳнати ҳалол мавод ҷамъоварӣ карда меоварданд, вале штатиҳои карахт по болои по монда хоб мекарданд. Касе ки аз ӯҳдаи кор набаромад, мувофиқи қонуни меҳнат огоҳӣ гирифт. Касе, ки корро тарк карда рафт, бо хоҳиш ва навиштани аризаи худ аз кор рафт. Ин маънои онро дорад, ки аз ӯҳдаи корашон баромада наметавонанд. Ҳеҷ кас онҳоро пеш накардааст. Роҳбарияти нави ТВ «Сафина» аз ибтидо дар ҷаласаҳо фақат кор талаб мекард. Баробари омадани Зевар Давлатзода, нахуст интизоми корӣ, риоя кардани меъёру ҳуқуқҳои корӣ ва фаросату ахлоқ дар мадди аввал қарор гирифт. Яъне ба фаросату ахлоқи хусусан тоҷикдухтарон тавваҷҷӯҳ кард. Дигар, аз рӯи меъёри Кодекси меҳнат талаб намуд, ки ҳар кас бояд вазифаи касбии худашро иҷро кунаду интизоми кориро риоя намояд. Сеюм, аз байн бурдани ришваситонӣ, хешутаборбозӣ. Ҳамин чиз дар корхона роҳандозӣ шуд. Ягона чизе, ки ман метавонам гӯям, ягон хешу табори Зевар мисли роҳбарони пешина дар ин ҷо кор намекунанд. Чаро шарҳнависон дар бораи непатизм (хешутаборчигӣ)-и роҳбарони пешина намегӯянд, ки ҳатто то фаррошро аз хешу табори худашон таъин мекарданд!? Чаро дар ин маврид чизе наменависанд? Ягон хешу табори Зевар Давлатзода дар ин ҷо фаъолият намекунад.

Faraj.tj :- Шикояткунандагон мегӯянд, ки Давлатзода кормандони ТВ «Баҳористон»-у шабакаи якумро, ки қаблан бо ҳам кор мекарданд, даъват карда, ба ҷои онҳо ба кор қабул намудааст…

Орзу Исоев: — Наовардааст. Касе, ки аз ТВ «Баҳористон» омадааст, бе ягон маслиҳату машварати пешакӣ омадаанд. Онҳо тибқи Кодекси меҳнат, бо аризаҳои худ аз он ҷо хориҷ шуда омаданд ва дар «Сафина», ки воҳоди корӣ имкон медод, ба кор қабул гардиданд. Роҳбарият барои таъмин кардани сифат дар байни операторон дарсҳои омӯзишӣ ба роҳ монд. Ҳар бегоҳ, баъди соати корӣ як-ду соат мутахассисони баландпояе, ки аз тарзи наворбардорӣ огоҳанд, ба тамоми наворбарони «Сафина» ва аз «Баҳористон» омада дарс мегузаштанд. Ин комилан ройгон буд. Инчунин, теша зад ба решаи ришваситонӣ. Кадом рӯзноманигоре, ки аз куҷое тамаъҷӯӣ кардааст, Зевар инро исбот кард ва садд гузошт, то чунин кор минбаъд рӯй надиҳад. Чанд мисоле ҳам аз собиқ кормандоне, ки айни замон аз ӯ шикоят намудаанд, овард, ки кадомаш дар куҷо ришва ситонидааст ва аз куҷо тамаъ кардааст. Бо далел исбот кард. Ягон рӯзноманигори ҳирфаӣ аз кор нарафтааст. Баръакс, баъди омадану қолабҳои карахтшударо шикастани Зевар Давлатзода корашон пеш рафтааст, боз ҳам хубтар шудааст. Масалан, аз рӯзноманигорони ҳирфаӣ Нигинаи Мумин, Ҷамшед Олимов, Нури Наср, ки пештар ҳам бо чанд роҳбар кор мекарданд, то ҳол фаъолият доранд. Ҳеҷ кас онҳоро пеш накардааст.

Faraj.tj :- Худи Шумо кай ба «Сафина» ба кор омадед?

Орзу Исоев:- Бояд бигӯям, ки ман 6 сол пеш ҳам дар «Сафина» фаъолият мекардам. Он замон системаи корӣ каме дигар буд, техника навтар буд. Шароит дигар хел буд. Вақте ки бори дигар ман баъди 6 сол такроран ба кор омадам, дигаргуниҳои зиёд мушоҳида кардам: техника фарсуда, эфир аз диски 1-сомона мебаромад, ки ин ҳеҷ мумкин нест. То андозае фарсуда шуда буданд, ки аз серверҳои пурқиммати он замон харидоришуда истифода намебурданду аз диски яксомона эфир мебаромаданд, ки ин даҳшат аст. Ҳеҷ мумкин нест, ки чунин як телевизиони ҳирфаӣ аз чунин дискҳо истифода барад! Баъд аз омадан Зевар Давлатзода ин чизҳоро барҳам зад ва боз ҳамон серверҳои пурқиммат таъмир шуда, ба кор даромаданд.

Faraj.tj :- Шумо дақиқ гуфта метавонед, ки чанд нафар аз кор рафтаанд? Дуруст аст, ки 50 нафаранд?

Орзу Исоев:- Не, ман аниқ гуфта наметавонам, вале аз рӯи шикоятҳо, 50 нафар гуфтаанд. Шояд аксарияти онҳо нафароне буданд, ки ғайриштатӣ ҳастанд. Шояд нафароне ҳастанд, ки ҳатто аз соҳаи журналистика, аз кӯчаи журналистика нагузаштаанд. Онҳо дар дигар донишгоҳу донишкадаҳои кишвар таҳсил мекарданд, на дар соҳаи журналистика. Шояд аксарияти онҳо ҳатто таҳсил намекарданд, бо шиносбозӣ омада буданд. Воқеан, одамони беҳудае буданд. Дар шикоятнома гуфта шудааст, ки Муҳаммадрабии режиссёр аз кор пеш карда шудааст. Не, ин хел нест. То ҳозир аризаи Муҳаммадрабӣ имзо нашудааст. Вай ба хотири сабти филмҳояш ариза навиштааст, ки ман ягон шикоят надорам. Ман фикр мекунам, ки барои телевизион барнома тайёр кардан даркор, ин киностудия нест-ку! Дурӯғро бинед, ки онҳо гуфтаанд, ки Муҳаммадрабӣ ронда шуд.

Faraj.tj:- Оё дуруст аст, ки маоши кормандонро роҳбарият кам кардааст?

Орзу Исоев:- Ин дурӯғ аст! Масалан, бахши «Сабоҳ»-и телевизиони «Сафина» иборат аст аз коргароне, ки пеш кор мекарданд, ҳозир ҳам кор мекунанд. Азбаски онҳо ҳамарӯза, ҳар субҳ давоми як-якуним соат маводи тоза нашр мекунанд, маоши хуб мегиранд. Чунки ҳаққи қалами инҳо аз зери назари муаллима мегузарад. Касе, ки меҳнат мекунад, ҳаққи қалами хуб мегирад. Касе, ки меҳнат намекунад, дар як моҳ базӯр як барнома таҳия мекунад, вай ҳам мувофиқи барномаи сохтааш маош мегирад. Дар ТВС сохтори ҳаққи қалам мондан аз теъдод ва сифати барнома вобаста аст. Яъне муҳаррироне, ки по болои по менишастанду ҳаққи қалами калон мегирифтанд ва коргари ғайриштатӣ кӯча ба кӯча барои онҳо мавод ҷамъ мекарду пули ночиз мегирифт, ин система аз байн рафт. Вале ҳозир роҳбарият мегӯянд, ки новобаста ба оне, ки коргар ғайриштатӣ аст ё штатӣ, мувофиқи меҳнаташ маош мегирад.

Faraj.tj:- Шикояткунандагон гуфтанд, ки Давлатзода шӯъбаи тиҷоратиро баста ва баъди овардани нафарони «худӣ» онро дубора кушодааст…

Орзу Исоев: — Ин хел нест. Шӯъбаи тиҷоратӣ шӯъбаест, ки ҳама маблағҳои аз берун воридгардида ҳисобу китоб карда мешавад. Дар ин шӯъба ончунон камбудӣ зиёд буд, ки воридшавии маблағ ба рекламае, ки дар телевизион мерафт, мутобиқат намекард. Яъне, дар асоси бизнесплану шартномаҳое, ки баста шудаанд, исбот карда шуд, ки дар эфир рекламаи изофавӣ меравад. Вақте ки рекламаи изофавӣ дар эфир меравад, бояд пул ба буҷаи корхона ворид шавад. Чун ҳамаи ин норасоиҳо ба роҳбари шӯъбаи тиҷоратӣ — Валихон пешниҳод шуд, вай аз кор рафт. Валихоне, ки маблағи ҳангуфт мегирифт. Яъне касе, ки рафт, ягон сабаб дошт. Бесабаб касе аз кор нарафтааст.

 

http://faraj.tj/main/11075-orzu-isoev-zevar-davlatzoda-yagon-kasro-az-kor-narondaast.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *