Қадрдонии Сайёфу Ёқуб ва Хуршеду Ҳамдампур

Субҳи имрӯз дар бинои дастгоҳи иҷроияи Президенти кишвар чанд тан аз фаъолони соҳаи матбуотро бо медалҳо қадрдонӣ карданд.

Ҷаласа дар бинои марказии «Шарқи озод» баргузор гардида, ба Сайёфи Мизроб,сармуҳаррири ҳафтаномаи «СССР», Шарифи Ҳамдампур сармуҳаррири «Тоҷикистон», Хуршеди Атовулло раиси МТЖТ, Зинатулло Исмоилов, раиси Ассосиатсияи истеҳсолкунандагон ва паҳнкунандагони маводи радиотелевизионии кишвар, Ёкуб Исмоилов, директори «Шарқи Озод» ва Бурҳон Раҳмонов барои кӯмак ва ҳамоҳангӣ ба ҳаракати ветеранҳои интернатсионалӣ медал ва ифтихорномаҳо супурда шуд.

Ҳамчунин масъулини чорабинӣ аз кору фаъолияи ҳар яки номбурдаҳо тавсиф карда шудаву саҳми онҳоро дар пешрафти матбуоти тоҷик арзанда арзёбӣ намуданд.

 

http://faraj.tj/news/11046-1178adrdonii-sayefi-mizrob-sharifi-1202amdampur-hurshedi-atovullo-va-digaron.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *