Суд ҳукми 2 соли зиндони Аминҷон Гулмуродзодаро бетағйир гузошт

Марҳилаи касатсионии Суди шаҳри Душанбе ҳукми суди зинаи поёниро нисбат ба журналисти зиндонӣ Аминҷон Гулмуродзода бетағйир боқӣ гузошт. 

Баъд аз зӯҳри 30-юми сентбяр Суди шаҳри Душанбе қарори Суди ноҳияи Исмоили Сомониро дар бораи 2 сол ҳабс кардани Гулмародзода баррасӣ карда, онро тағйир надод.

Аминҷон Гулмуродзода, сармуҳаррири сомонаи русии «Фараж» 18-уми августи соли равон аз ҷониби суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 банди а КҶ ҶТ барои сохтакории ҳуҷҷат барои ду сол зиндонӣшуда буд.

Мақомоти амниятии Тоҷикистон Аминҷон Гулмуродзодаро тибқи моддаи 340, қисми 2, банди “а”-и Кодекси ҷиноятӣ “сохтакории шиноснома, бо мақсади истифода аз ҷониби худи сохтакор ё шахси дигар, ҳамчунин истифодаи ҳуҷҷатҳои бараъло қалбакӣ, такроран” муттаҳам мекарданд.

Мақомот Аминҷон Гулмуродзодаро ба он муттаҳам мекарданд, ки дар синни шашсолагӣ барои худаш ду шаҳодатномаи қалбакӣ сохта, баъдтар дар асоси он шиноснома гирифта, онро чанд маротиба истифода бурдааст.17-уми август прокурор дар мурофиа талаб карда буд, ки Аминҷон Гулмуродзода ба чор зиндон маҳкум карда шавад.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат Аминҷон Гулмуродзода аз ҷониби  Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе боз шуда буд.

Қаблан Хуршеди Атовулло, раҳбари Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон гуфта буд, Аминҷон Гулмуродзода ба он муттаҳам мешавад, ки “гӯё соли 1989, ки ҳанӯз ба балоғат нарасида буд, бо кумаки падараш, собиқ декани факултаи журналистикаи ДМТ, шодравон Гулмуродзода Пайванди Гулмурод аз бахши САҲШ-и ноҳияи Ленин (ҳозира Рӯдакӣ)-и ҶСС Тоҷикистон шаҳодатномаи таваллуд дастрас кардааст, ки он, ба гуфтаи мақомоти тафтишоти пешакӣ, қалбакӣ мебошад. Дар идомаи парвандаи ҷиноятӣ омадааст, ки Аминҷон гӯё бо истифода аз ин шаҳодатнома аз мақомоти корҳои дохилии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1998 соҳиби шиноснома шудааст ва онро дар чанд ҳолат ҳангоми ба кор қабул шудан истифода намудааст”.

Хуршеди Атовулло мегӯяд, “ҳарчанд мақомоти тафтишоти пешакӣ даъво пеш овардааст, ки шаҳодатномаи таваллуди Гулмуродзода Аминҷон таҳти №208 дар бахши САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ мавҷуд несту ин рақами қайд ба шаҳрванд И.З. тааллуқ дорад, аммо ҳангоми тадқиқоти журналистӣ исбот шуд, ки қайди акт дар бораи таваллуд таҳти №208 дар асоси маълумотномаи қалбакӣ гирифта шудааст. Зеро дар қайди мазкур гуфта шудааст, ки асос барои он маълумотномаи таваллуд аз Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе аз 5 апрели соли 1982 мебошад, аммо роҳбарияти таваллудхонаи мазкур ба дархости Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон чунин ҷавоб дод, ки «Таваллудхонаи №3-и шаҳри Душанбе бо қарори Кумитаи иҷрояи вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳти №240 аз 24 июли соли 1985 таъсис ёфтааст”.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/sud-khukmi-2-soli-zindoni-aminchon-gulmurodzodaro-batagyir-guzosht

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *