Пас аз кашолёбӣ ва итизории нимрӯза Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ аз рӯйи парвандаи журналист, Аминҷон Гулмуродзодаро мавриди баррасӣ карор дода, онро бетағийр гузоштааст.
Дар ин хусус хабарнигори Faraj.tj аз Суди шаҳри Душанбе хабар дода афзуд, ки алъон мурофиа ба анҷом расида Суд онро бетағийр гузоштааст.
Бояд гуфт, ки аз соати 10– субҳ инҷониб теъдоди қариб 30 нафар журналистон аз расонаҳои кишвар ва хешовандони маҳкумшуда,Аминҷон Гулмуродзода, дар назди дари Суд интизори оғозшавии мурофиаи судӣ нишаста буданд.
Ёдрас мешавем, ки судяи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозода сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 банди а КҶ ҶТ барои сохтакории ҳуҷҷат барои ду сол маҳкуми зиндон кард. Журналист аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ба қавли мақомоти тафтишот, ки он аз ҷониби суд дастгирӣ ёфт, Аминҷон Гулмуродзода дар синни шашсолагӣ барои худаш ду шаҳодатномаи қалбакӣ сохта, баъдтар дар асоси он шиноснома гирифта, онро чанд маротиба истифода бурдааст.
http://faraj.tj/main/10973-sudi-gulmurodzoda-1202ukm-beta1171iyr-guzoshta-shud.html