Суди Гулмуродзода кашол меёбад

Ⱪарор буд, ки соати 10-и субҳи имрӯз, дар Суди шаҳри Душанбебаррасии шикояти кассатсионӣ аз рӯйи парвандаи журналистАминҷон Гулмуродзода баргузор шавад, аммо то кунун масъулинонро қафопартоӣ намуда истодаанд.

Тавре хабарнигори Faraj.tj аз Суди шаҳри Душанбе хабар дод, аз соати 10– субҳ инҷониб теъдоди қариб 30 нафар журналистон аз расонаҳои кишвар ва хешовандони маҳкумшуда, Аминҷон Гулмуродзода, дар назди дари Суд интизори оғозшавии мурофиаи судӣ нишастаанд. Аммо то ба ҳол масъулин баҳонаҳо пеш овардаву мурофиаро оғоз накардаанд. Ва дар назар аст, ки ҳамин рӯз шикояти кассатсионӣ аз рӯйи парвандаи журналист Аминҷон Гулмуродзода баррасӣ карда шавад.

Ин нахустин баҳонаҷӯӣ ва қафопартоии мурофиаи парвандаи Гулмуродзода набуда, ҳафтаи қаблӣ низ масъулин теъдоди 25 -30 нафар журналистон ва хешовандони маҳкумшударо то нисфирӯзӣ сарсон намуда, сипас мурофиаро то 30 –юми сентябр мавқуф гузошта буданд.

Ёдрас мешавем, ки судяи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозода сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро бо дастрасии моддаи 340, қисми 2 банди а КҶ ҶТ барои сохтакории ҳуҷҷат барои ду сол маҳкуми зиндон кард. Журналист аз толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд. Ба қавли мақомоти тафтишот, ки он аз ҷониби суд дастгирӣ ёфт, Аминҷон Гулмуродзода дар синни шашсолагӣ барои худаш ду шаҳодатномаи қалбакӣ сохта, баъдтар дар асоси он шиноснома гирифта, онро чанд маротиба истифода бурдааст.

 

http://faraj.tj/main/10971-sudi-gulmurodzoda-kashol-meebad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *