Шӯрои воситаҳои ахбори омма (ВАО)-и Тоҷикистон ва Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ ) бо нашри як изҳорот аз ҳодисаҳои охири кишвар нигаронӣ кардаанд.
Ин ду созмони журналистии Тоҷикистон бо интишори изҳороти худ дар бораи ҳодисаҳои ахири моҳи сентябри соли ҷорӣ гуфтаанд, ки “Мо ба ин боварем, ки ягон масъаларо бо хунрезиву иқдоми эҳсосотӣ ҳал кардан имкон надорад. Ҳама мушкилот бояд дар доираи қонун ва бо риояи манфиатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди баррасӣ қарор бигирад.”
Шӯрои ВАО ва АМВАОМТ дар ин изҳорт аз норасоии маълумоти муътамуд ва санҷида шуда ба расонаҳо изҳори таассуф карда, таъкид мекунанд: » Дастрасии маҳдуд ба ахбор ба зиёд шудани ҳар гуна овозаҳо мусоидат мекунад. Дар натиҷа ҳам дар нашрияҳои мустақил ва ҳам матбуоти расмии давлатӣ матлабҳое паҳн гардиданд, ки ҳодисаҳоро аз ҳад эҳсосотӣ ва якҷониба бозтоб мекунанд. Ин ҳолат масъулияти аслии журналистиро зери шубҳа мебарад.”
Созмонҳои мазкур дар бораи боздошти фаъолони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолони матбуотии он изҳори нигаронӣ карда гуфтаанд: «Бино бар иттилооти пайвандони Ҳикматулло Сайфуллозода- сармуҳаррири нашрияи «Наҷот»-и ҲНИТ, Абдуқаҳҳори Давлат, хатмкардаи факултаи журналистика ва собиқ сармуҳаррири нашрияи ҳизбӣ, Зарафо Рахмонӣ- масъули нашрияҳои ҳизбии ҲНИТ тайи рӯзҳои боздошт онҳо дар бораи ҷурми наздиконашон хабаре надоштанд, онҳоро бо адвокат низ таъмин накардаанд.”