Пешниҳоди номгузории кӯчае дар Душанбе ба номи Акбари Саттор

Созмонҳои журналистии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки дар шаҳри Душанбе як кӯча ба номи Акбари Саттор, раиси Иттифоқи журналистон номгузорӣ шавад.

8-уми сентябр дар як ҳамоише дар рӯзи ҳамраъйии байналмилалии журналистон ва ёдбуди Акбари Саттор баргузор шуд, созмонҳои журналистӣ пешниҳод карданд, ки инчунин мактаби деҳаи Мортеппа, дар ноҳияи Ҳисор, зодгоҳи Акбари Саттор ба исми ӯ номгузорӣ шавад.

Ин созмонҳо тасмим гирифтаанд, ки навиштаҳои Акбари Саттор ва хотироти дӯстон дар бораи ӯро китобе гирдоварӣ карда, нашр намоянд.

Акбари Саттор, Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон 28-уми август дар синни 50-солагӣ аз дунё даргузашт.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/peshnikhodi-nomguzorii-kuchae-dar-dushanbe-ba-nomi-akbari-sattor

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *