Human Rights Watch: Аминҷон Гулмуродзода озод шавад!

Human Rights Watch аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, киҳукми ду соли зиндони рӯзноманигор Аминҷон Гулмуродзодаро пурра бекор намоянд.

Ҳ. Вилиамсон, раҳбари бахши Аврупо ва Осиёи Марказии созмони Дидбони ҳуқуқи башар дар як гузорише мегӯяд, ки «ин ҳукм мояи дилсардии ҷомеаи журналистии Тоҷикистон мешавад ва як намунаи дигари саркӯби озодии баён ва садоҳои мустақил аст. Иттиҳомоти норӯшан алайҳи рӯзноманигор барои амалҳои замони кӯдакиаш баҳонаест барои ҳамлаи ошкоро ва бо ангезаи сиёсӣ алайҳи озодии баён».

Гузориши мазкур имрӯз, якуми сентябр дар Берлини Олмон нашр шудааст. Гуфта мешавад, ки рӯзноманигоре мисли Гулмуродзода бояд нависад ва гузоришгарӣ кунад, на ин ки пушти миллаҳои зиндон беҳол шинад. Мақомоти тоҷик бояд дар зудтарин фурсат ҳукми Гулмуродзодаро бекор ва ӯро озод намоянд.

Ҳ. Вилиамсон таъкид кардааст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бояд аз хомӯш кардани садоҳои мустақил даст бикашад ва Гулмуродзодаву ҳамаи зиндониҳоеро, ки бо иттиҳоми сохта пушти панҷара нишастаанд, раҳо кунад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл Гулмуродзода дар тақаллуби санадҳо гунаҳкор дониста шуд ва барои ду сол равонаи зиндон гардид.

 

http://faraj.tj/news/10629-human-rights-watch-amin1207on-gulmurodzoda-ozod-shavad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *