Акбари Саттор ин ҷаҳонро падруд гуфт

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,узви Комиссияи марказии интихоботии Тоҷикистон ва раҳбари гурӯҳи расонаҳои «Чархи гардун»Акбари  Саттор дар 51-солагияш аз олам чашм пӯшид. Марги Акбари Саттор соати 15 рӯзи 28 август  дар бустонсарояш ба вуқуъ пайвастааст ва сабаби онро ташхис муайян хоҳад кард.

Акбари Саттор аз соли 2007 роҳбарии созмони журналистии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт ва узви Комиссияи марказии интихобот ва Шӯрои зидди фасоди молӣ буд.

Ӯ соли 1990 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Ленингради Русияро хатм карда, фаъолияташро дар нашрияи “Ҷумҳурият” оғоз кардааст. Аввалин нашрияи худро дар соли 1994 бо номи “Дайджес пресс” рӯйи чоп оварда, ба дунболи он дар соли 1994 «Чархи гардун»-ро таъсис дод. Иттиҳодияи эҷодии “Чархи гардун”-и Акбари Саттор бар иловаи ин ду нашрия ҳамчунин “Вечерний Душанбе”, “Аладдин” ва “Марду зан”-ро фаро мегирифт.Маросими дафни ӯ рӯзи 29 август дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Акбари Саттор падари панҷ фарзанд буд.

 

http://pressa.tj/article/%D0%B0%D0%BA%D0%B1%D0%B0%D1%80%D0%B8-%D1%81%D0%B0%D1%82%D1%82%D0%BE%D1%80-%D0%B8%D0%BD-%D2%B7%D0%B0%D2%B3%D0%BE%D0%BD%D1%80%D0%BE-%D0%BF%D0%B0%D0%B4%D1%80%D1%83%D0%B4-%D0%B3%D1%83%D1%84%D1%82

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *