Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, яке аз пешвоёни журналистикаи муосири тоҷик ва директори генералии ҶДММ «Чархи Гардун» — Акбари Саттор дар синни 50 солагӣ аз олам даргузашт.
Тавре наздикони марҳум иттилоъ медиҳанд, марҳум Акбари Саттор дирӯз 28- уми августи соли 2015 дар бӯстонсарояш, ки дар деҳаи Гиждалобод ҷамоати деҳоти Чоряккарон ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, дунёро падруд гуфтааст.
Ба иттилои онҳо, қарор аст, ҷанозаи Акбари Саттор имрӯз, 29 –уми август дар зодгоҳаш деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор баргузор шавад. Ҷомеаи журналистии Тоҷикистон даргузашти Акбари Сатторро талафоти бузург барои соҳа арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин, хабари марги нобаҳангоми ӯ бисёриҳоро такон додааст. Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёвари президенти кишвар оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар як сӯҳбат бо Радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки ин хабар аллакай ба дастгоҳи иҷроияи президент ҳам расидааст. Раҳмонзода афзудааст, «Акбари Саттор бисёр инсони хуб буд, худо раҳмат кунад. Соҳаи рӯзноманигориро бисёр хуб медонист. Мутахассиси хуб буд. Бо ҳамаи рӯзноманигорон ҳамкорӣ мекард. Кӯшиш мекард, ки арзишҳои милливу давлатии мо дар сатҳи аввал бошад. Ба наздикӣ дар ҳайати гурӯҳи корӣ дар сафари вилояти Хатлон буданд, дар Бадахшон буданд. Корҳои зиёде кардаанд. Бисёр ҷавонмарди хуб буданд, Худо раҳмат кунад»».
Нуриддин Қаршибоев, раиси Шӯрои ВАО ва Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, Акбари Сатторро симои барҷастаи журналистикаи тоҷик унвон карда, гуфтааст, ки «Акбари Саттор тавонист дар амалияи журналистика муваффақ шавад. Ва соҳиби чанд расона, нашриёт ва раҳбарии созмони журналистиро ба уҳда дошт. Даргузашти Акбари Саттор ин талафоти бузург на танҳо барои ҷомеаи журналстӣ, балки барои Тоҷикистон низ ҳаст, ки ҳамин гуна шахс бемаҳал аз байн рафт».
Ҳамчунин, Зафари Сӯфӣ, муассиси гуруҳи расонаҳои «Озодагон” дар мавриди марги нобаҳангоми Акбари Саттор гуфтааст: «Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст! Вақте хабари марги нобаҳангоми як ДӮСТ ва як ҳамсоли ҶАВОНМАРДи ҷавонмаргатро мешунавӣ, мағзат холӣ мешудааст. Ашк намегузорад чизе нависам… Акбари Саттор тайи ин чанд соли ахир ПАДАРи журналистикаи тоҷик буд. Ман худ шоҳидам, ки чандин ҳамкасбони моро аз ҳуҷуми ину он пуштибонӣ кард. Мо ҳам дар ин миён аз пуштибонияш бенасиб набудем. Афсӯс, афсӯс, афсӯс… Ба пирӣ мерасад хори биёбон, Вале гул чун ҷавон гардад, бимирад…”.
Умед Бобохонов, сардабири «Азия-Плюс», низ гуфтааст, ки хабари марги Акбари Саттор таконаш додааст.
Ҳамчунин корбарон ва фаъолони шабакаи иҷтимоии фейсбук аз даргузашти Акбари Саттор андуҳгин буда, ҳар яке бо нашри матлабе марҳумро ба некӣ ёд мекунанд ва марги ӯро талафоти бузурге дар журналистикаи тоҷик медонанд.
Акбари Саттор (Акбаралӣ Сатторов) 10-уми феврали соли 1965 дар деҳаи Мортеппаи ноҳияи Ҳисор чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Соли 1982 баъди хатми мактаби миёнаи рақами 25-и ноҳияи Ҳисор ба факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В.И.Ленин дохил шудааст. Аз миёни таҳсил ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, аз моҳи июни соли 1983 то моҳи июли соли 1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи СССР хизмати аскарӣ кардаву баъди бозгашт ба таҳсили худ идома додааст. Пас аз соли сеюми таҳсил, аниқтараш, аз соли 1987 дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) таҳсилро идома дода, соли 1990 онро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ” оғоз мекунад. Баъди ҳамагӣ чор моҳ ба рӯзномаи «Садои мардум” гузаштаву аз моҳи ноябри соли 1990 то ноябри соли 1994 хабарнигор, мудири шуъбаи сиёсат, ҳаёти байналмилалӣ ва ҳуқуқи ин рӯзнома буд.
Пешаи рӯзноманигорӣ дар он замони пур аз ҷангуҷӯш муносиб наёмад ва ҳатто хатарнок ҳам буд. Аз сӯи дигар иддае дар сар задани ҷанги дохилӣ матбуот ва журналистонро муқассир медонистанд. Ин буд, ки ӯ муддате ба кори тиҷорат машғул шуд. Аз хориҷ мол меовард ва дар дохил мефурӯхт. Бо гузашти ҳудудан ду сол бори дигар ба журналистика рӯ овард ва дере нагузашта «Дайджест пресс” — ро таъсис дод ва дар он матолиби чопшуда дар нашрияҳои русии Маскавро бозчоп мекард ва бо иловаи гӯшаву саҳифаҳои рекламавӣ ба фурӯш мебаровард. Бо ин васила чанд нафар аз ҷумлаи журналистони кишварро бо ҷойи кор таъмин кард, илова ба ин афроде, ки аз бекорӣ дар он солҳо намедонистанд худро андармони чӣ коре кунанд, ки бурдаи нони беминнат ёбанд, аз фурӯши «Дайджест пресс” қут меёфтанд.
Тадриҷан заминаи таъсиси рӯзномаи тоҷикии «Чархи гардун” низ фароҳам омад ва 25-уми апрели соли 1996 аввалин шумораи он аз чоп баромад. Аз сол ба соли дигар теъдоди нашрияҳои вай афзуданд. Аз 18 -уми ноябри соли 1994 то ба имрӯз директори генералии ҶДММ «Чархи гардун» аст, ки илова ба ин ҳафтаномаи хонданӣ боз нашрияҳоеро аз қабили «Вечерний Душанбе», «Авиценна”, «Дайджест пресс», «Аладдин”, «Анушервон”, «Зан ва мард” — ро зери як ливо ба ҳам овардааст.
Акбари Саттор аз соли 2007 раҳбарии бузургтарин созмони журналистии Тоҷикистон — Иттифоқи журналистонро бар уҳда дошта, ҳамчунин узви Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар ва Шӯрои зидди фасоди молӣ буд.
Номбурда замоне сарварии Иттиҳоди журналистонро ба уҳда гирифт, ки созмон дар ҳоли варшикастагӣ қарор дошт. Бо гузашти солҳо ва бо талошҳои зиёд муваффақ шуд, ки он ба як ташкилоти пешрафта табдил шавад. Ва имрӯз дар ҳама рӯйдоди вобаста ба ҳаёти журналистӣ аз аввалинҳо шуда садои Акбари Саттор шунида мешавад.
Акбари Саттор оиладор ва соҳиби панҷ фарзанд буд.
Аҳли эҷодии МТЖТ аз даргузашти Акбари Саттор сахт андуҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд.
http://faraj.tj/news/10594-falak-farzonagonro-kushtanat-chist.html