Соҳибҷон Зиёдуллоев — муовини раиси Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзноманигорон набояд «чирккоби нохун» бошанд.
Ӯ дар сӯҳбат ба Faraj.tj изҳор дошт, ки Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 4 моҳ қабл онҳоро мутобиқи нақша тафтиш кардааст.
— Тафтиш карданду рафтанд. Ягон гап набуд. Намедонам чаро Аламхон Наимӣ, муовини аввали Оҷонсии зидди фасод дар нишасти охираш ниҳоди моро ҳам номбар кардааст. Чӣ камбудиву норасогиҳои зиёди молиявӣ дар мо ошкор гардидааст, ман намедонам ва ягон чӣ гуфтаҳам наметавонам,- афзуд мавсуф.
Зиёдуллоев ҳамчунин таъкид кард, ки «ин суолро на ба ман, балки ба худи Наимӣ диҳед ва бигузор камбудиҳои моро шарҳ диҳад».
Ӯ ҳамзамон таъкид бар он кард, ки «касби рӯзноманигорӣ — ин чирккобӣнест, балки чизҳое нависанд, ки мардум бояд хонанд. На ин ки раванду аз қафои як гап, ки дар як ҷо шудааст, кофта гарданд. Мо миллион дорем, баъд камбудӣ намешавад?». Зиёдуллоев ҳамчунин «маслиҳат» дод, ки «ош пӯхтаед? Агар камнамак ояд, боз намак меандозӣ ва мешавад ҳама сад!».
Ин норозигии муовини Агентӣ дар ҳолест, ки дар ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Агентӣ дар нимсолаи аввали соли 2015 Аламхон Наимӣ, намояндаи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияиҶумҳурии Тоҷикистон зимни баромадаш гуфт: «Таҳлилҳо нишон доданд, ки камбудиву норасоиҳои зиёди молиявӣ хусусан дар Агентии захираҳои моддии давлатӣ, Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва зихираҳои об, Вазорати нақлиёт, Вазорати маориф ва илм роҳ дода шуда, яке аз сабабҳои асосии роҳ додан ба ин камбудиҳо таъмин накардани назорати дохилиидоравии самарабахш, истифодабарии маблағу воситаҳои давлатӣ аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар субъетҳои хоҷагидории давлатӣ мебошад».
Вале масъулини баландпояи Агентии захираҳои моддии давлатӣ инро рад карданд.
http://faraj.tj/news/10573-muovini-raisi-agent1251-charo-chirkkob1251-mekuned.html