Масдуд шудани шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон бори дигар дастрасӣ ба шабакаи иҷтмоии Фейсбук ва видеопортали Ютюб аз субҳи 25-уми август аз ҷониби бархе ширкатҳои интернетрасон масдуд шуд.

Бино ба гуфтаи як манбаъ аз Хадамоти алоқа, шабакаҳои интернетрасон бо дастури Хадамот дастрасӣ ба ин сомонаҳоро маҳдуд кардаанд, дақиқ нест, ки кай боз мешавад. Инчунин, ба ширкатҳои мобилӣ сабаби бастани сомонаҳоро шарҳ надодаанд.

Қаблан, дар интиҳои моҳи май низ дастрасӣ ба сомонаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанд расонаҳои хабарӣ низ масдуд шуда буд. Он вақт бастани сомонаҳоро ба паҳн шудани наворе рабт медоданд, ки пайвастани Гулмурод Ҳалимов, собиқ фармондеҳи ОМОН-и ВКД-ро ба гуруҳи мавсум ба “Давлати исломӣ” таъйид мекард.

Ҳоло дастрасӣ ба шабакаҳо дар ҳоле масдуд мешавад, ки шоми гузашта мақомот ба дари қароргоҳи ҲНИТ муҳр заданд.

 

http://www.tojnews.tj/tj/news/masdud-shudani-dastrasi-ba-shabakai-ichtimoii-feysbuk-dar-tochikiston

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *