Ба ҷойи номаи саркушода ба Аминҷон Гулмуродзода
Намехоҳам сари он ҳарф занам, ки судҳои мо қодиранд, то исбот кунанд, ки чӣ хел кӯдаки навзод баробари аз очааш таваллуд шудан, метавонад даҳон аз пистони модар канда, худаш раваду шаҳодатномаи таваллуд гирад.
Намехоҳам исбот кунам, ки таваллудхонаи вуҷуднадошта, се сол пеш аз пайдо шуданаш, ба манфиати судҳои мо ҳуҷҷат дода метавонад, ки касе дар бинои набуда, таваллуд шудааст.
Намехоҳам ба Матбуоти тоҷик гӯям, ки рӯзи таъсисёбиашро маҳз бо талошу кӯшиши Пайванди Гулмуродзода (11 март маҳз бо пешниҳоди ин марди некном рӯзи матбуоти тоҷик эълон гардид. Х.А) гирифтаасту баҳси судие, ки шарҳашро дар ин шумора мехонед, аслан суди Устод Пайванди равоншоди ману ҳазорҳо ман аст.
Намехоҳам ба Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Суди Олӣ, пешниҳод кунам то ҳангоми ба кор пешниҳод кардани суду приставу котиби суд аввал аз онҳо аз забони давлатӣ имтиҳон гиранд.
Намехоҳам шиква кунам, ки лозим ояд, на мӯҳлати содир шудани ҷиноят ба назар гирифта мешаваду на чандин Қонун дар бораи афве, ки Президент имзо кардааст.
Намехоҳам ба ҷое арз кунам, ки ҳукми суд қонунӣ будани интихоботи президентиро дар Тоҷикистон зери шубҳа гузошт.
Намехоҳам ба Шӯрои адлияи ҶТ тавсия диҳам, то ақалан судшавандаҳоро вазифадор кунанд, ки пеш аз ба толор нишастан, чанги курсиҳоро тоза кунанд…
Намехоҳам, баҳс кунам, зеро боре судяе ҳангоми хашм гуфт: «Даркор шавад, симчӯбро рост карда, суд мекунаму ба қабристон бурда гӯр мекунам».
Вале бо вуҷуди нобоварӣ ба ин система, баҳси ин парванда мавзӯи тадқиқоти васеи журналистӣ аст, ки ба гузаронидани он беҳтарин журналистони тадқиқотгари кишвар ҷалб шудаанд ва он ба наздикӣ пешкаши хонандагон мегардад. Бигзор, боиси боз як писханди судяи мӯҳтарами ин парванда, ки гоҳ-гоҳе ба шоҳидони ҷониби судшаванда арзонӣ медошт, лоиқ бошаду бас, вале муҳим, ҳар кӣ ҳақро донистан мехоҳад, мефаҳмад, ки ҳақиқат чӣ будааст ва таъини Раиси нави Суди Олӣ чизеро дигар накардааст.
Гап сари шодравон Пайванди Гулмурод аст, ки ҳатто шогирдонаш шояд дар таҳияи ин парванда «ҳиссаи сазовор» дошта бошанд ва ҳатто ононе ки мисли бародар медонист.
Ҳарфамро ҳамчунин мехоҳам барои Аминҷон, ки айни замон дар боздошгоҳи муваққатӣ асту бароям мисли додар буд, бигӯям. Ҳарчанд медонам, ки бо хондани ин сатрҳо табассуми ҳамешагӣ дар лабонаш мешукуфаду мегӯяд:
— Эҳ устод, соли 1979, вақте ки Шӯравӣ дар Афғонистон алайҳи муҷоҳидони афғонӣ меҷангид, ман дар бари Уссома бинни Лодан будам. Инро Шумо намедонед…
(Ҳайрон намешавам, агар суди кишвари мо ба ин монанд алайҳи ягон кӯдак ҳукм барорад. Х.А)
Аминҷон!
Кадом бузурге мегӯяд: «Танҳо мубориза мебарам. Ин кайфияте дорад. Вақте мурданӣ шудам, мегӯям».
Ба ин монанд аст, тақдири ту. Дар ҳама ҷабҳа танҳо ҳастӣ ва танҳо талош мекунӣ. Ҳатто куҷое ба кор рафтӣ, тани танҳо кори рӯзнома ё сомонаеро ба анҷом мерасонӣ. Яъне «монанд набудан, танҳоист» ва ин аст, ки шамшери кин ба сари ту фуруд омад на онҳое, ки ба даъвии озодии сухан зиндагии шоҳонае доранд.
Вале фаромӯш накун, ки агар Марди Мард миёни зиёиёни даврони шӯравӣ Қутбӣ Киромро мегуфтанд, шодравон гуфта буд:
Зиндагиро кӣ гуфт, номард аст,
Ҳар кӣ гуфт, худ то куҷо мард аст?
Зиндагӣ мард асту мард мехоҳад,
Сари болову дард мехоҳад.
Чун монанд нестӣ, ба қавли худат «шарҳи ҳоли ту бояд аз дигарон фарқ кунад». Сатре аз давраи «тилло»- ии суди Тоҷикистон бояд дошта бошад.
Мо бо ту ҳастем ва зарур бошад, то ба паҳлӯят меравем!
То номаи дигар, Худо нигаҳдор!