Гулмуродзода ду сол маҳкум ба зиндон шуд.

Журналисти тоҷик ва сармуҳаррири сайти русии www.faraj.com.tj Аминҷон Гулмуродзодаро Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣмувофиқи моддаи 340, қисми 2, банди «а»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои сохтакории ҳуҷҷат ду сол маҳкуми зиндон кард.

Пас аз эъломи ҳукм судя Хуршед Исозода барои мусоҳиба бо журналистон розӣ нашуда, гуфтааст, ки пас аз нисфирӯзӣ метавонанд ба ӯ муроҷиат кунанд ва ҳамчунин дарро ба рӯйи хабарнигорон бастааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар қисмати аввали мурофиа адвокати Аминҷон Гулмуродзода ва худи журналист баромад намуда, изҳор доштанд, ки тамоми далелҳои тарафи айбдоркунанда нодуруст ва сохтакоришуда буда, ҷониби тафтишот Гулмуродзодаро беасос айбдор меҳисобанд.

Адвокати журналист бинобар пайдо шудани далелҳои нав дар омӯзиши парванда, аз суд дархост намуд, ки парванда барои бозомӯзии дуруст ва объективона аз нав барои омӯзиш ба тафтишот баргардонида шавад.

Хотиррасон мешавем, ки дирӯз айбдоркунандаи давлатӣ барои Гулмуродзода А. чор соли зиндонро талаб карда буд.

 

http://faraj.tj/main/10415-gulmurodzoda-du-sol-ma1203kum-ba-zindon-shud.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *