Дар қисмати аввали мурофиа адвокати Аминҷон Гулмуродзода ва худи журналист баромад намуда, изҳор доштанд, ки тамоми далелҳои тарафи айбдоркунанда нодуруст ва сохтакоришуда буда, ҷониби тафтишот Гулмуродзодаро беасос айбдор меҳисобанд.
Адвокати журналист бинобар пайдо шудани далелҳои нав дар омӯзиши парванда, аз суд дархост намуд, ки парванда барои бозомӯзии дуруст ва объективона аз нав барои омӯзиш ба тафтишот баргардонида шавад.
Суд ҳанӯз дар ин масъала тасмими худро эълон надоштааст ва ҳоло дар хонаи машварат қарор дорад. Дар назар аст, ки ҳукми суд соати 10:30 хонда мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дирӯз айбдоркунандаи давлатӣ барои Гулмуродзода А. чор соли зиндонро талаб карда буд.
Тафсилоти бештар нашр мешавад.
http://faraj.tj/news/10411-1202ukmi-zhurnalistro-chand-la1203za-bad-elon-mekunand.html