Дар ин бора «Озодӣ» хабар дода, мегӯяд, ки масъулини Кумитаи телевизион ва радиои кишвар бо бекор кардани фармони аз Шабакаи якум рафтани чанде аз коргарони собиқадор, онҳоро ба ҷойи корашон бозпас овардаанд.
Гуфта мешавад, ки собиқадорони телевизион Мавҷуда Собирова, Равзалӣ Амонов, Гулчеҳра Сатторова, Бодом Мамадёрбеков ва Идигули Маҳмуд, ки зимни «ротатсия» аз Шабакаи якум ба радио гузаронида шуда буданд, дубора ба Шабакаи аввал оварда шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҳанӯз Кумитаи мазкур дар бораи бекор кардани фармон ҳеҷ шарҳе надодааст. Мавҷуда Собирова низ дар сӯҳбат ба «Озодӣ» гуфтааст, ки аз ин кори ба вуқӯъ омада чизеро намефаҳмад ва ин ҳама барояш мисли «чистон» аст.
Собиқадори дигари телевизион Саодат Азораева низ аз интиқолаш ба радио дар тааҷҷуб афтода, мегӯяд, ки «чӣ гуна як корманд, ки солҳо боз дар телевизион фаъолият дорад, бе пурсиш ва маслиҳат ба ҷойи дигар интиқол меёбад?».
Бояд гуфт, раисии Кумитаи телевизион ва радиои кишварро аз моҳи январи соли ҷорӣМаҳмадсаид Пирзода бар ӯҳда дорад, ки раиси пешин Асадулло Раҳмонро иваз карда буд.
Дар таърихи фаъолияти раисони телевизиони кишвар ин гуна тасмим аввалин набуда, соли 2014 Абдуҷаббор Раҳмонзода баъди ба сари курсии раисӣ нишастан эълон карда буд, ки аз ҳамаи кормандони ин сохтор иншо мегирад.
http://faraj.tj/news/10400-inkori-farmon-sobi1179adoroni-televizion-bargardand.html