Гул Шералӣ: Хабари расонаҳо одамро касал мекунад

Собиқ вазири энергетика ва саноати кишвар Гул Шералӣ дар як сӯҳбати сарироҳӣ ба хабарнигори Faraj.tj изҳор дошт, ки саломатиаш хеле хуб шудааст.

Гул Шералӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъзан хабари баъзе расонаҳо, ки гӯё «Гул Шералӣ ба сактаи қалб гирифтор шудааст», ё «Гул Шералӣ дар бемористон вазъро нигаронкунанда арзёбӣ мекунад» ба одам бетаъсир намемонад.

— Вале ягон рӯзноманигор замоне, ки дар бемористони ҳукуматӣ будам, маро хабаргирӣнаомад, то саломатиамро дида бошад. Фақат вақте дар Олмон будам, аз баъзе наздиконам шунидам, ки ду-се хабарнигори худӣмаро зиёд кофтаанд. Намедонам маро хабаргирӣ омадаанд ё боз хабар навиштанӣ… Аммо хурсанд шудам, ки ҳолоҳам маро ёд мекунанд. Вале ба ин чиз, ки гӯё ман аз пой афтида бошаму вазъам нигаронкунанда бошад, розӣнестам. Ман дар дохили мошинам будам, ки дар радио якбора хабари «Гул Шералӣ бистарӣ шуд» садо дод. Ҳоло баъзе вақтҳо аз хона то бинои «Азия Гранд Ҳотел» пиёда меравам. Саломатиамро нигоҳмекунам. Машқ мекунам. Ба ҳайси мушовир дар ширкати сохтмонии лӯлаи гази Туркманистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Чин ва Қирғизистон, ки бо номи SNPS фаъоляит мекунад, машваратҳо медиҳам ва дар ҳуҷҷатгузорӣ ба онҳо кӯмак мерасонам. Гуфтаниам, ки саломатиам хуб асту ҳама журналистҳои мӯҳтарами тоҷик сарбаланд бошанду қаламашон тезу бурро бошад. Ман эҳтиром мекунам,- гуфт ӯ.

Қобил ба зикр аст, ки Гул Шералӣ 8 сол вазири энергетикаи кишвар буд. Синнаш гарчанде ба нафақа нарасида бошад ҳам, аз вазифа озод карда шуду ба нафақа ҳам гусел нашудааст.

 

http://faraj.tj/news/10321-gul-sheral1251-habari-rasona1203o-odamro-kasal-mekunad.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *