Шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ” эълон кардааст, ки дар ҳудуди Тоҷикистону Эрон пахши мавҷи он ба мушкил мувоҷеҳ шудааст.
Масъулини шабака мегӯянд, ки аз шоми 12-уми август мавҷи шабакаи “Висоли ҳақ” дар ин ду кишвар халалдор шуда, онҳо натавонистаанд, ки барнома пахш кунанд. Бархе аз онҳое, ки барномаҳои ин шабакаро пайгирӣ мекунанд, мегӯянд, аз он ки ба барномаҳои ин шабака ба тавҳину таҳқир, ба дашному суханҳои қабеҳ роҳ медиҳанд, ҳатто то ҷое муғризона фаъолият мебарад, барои ҷомеа маҳдуд шудани ин шабака ҳеч трагедияе нест.
Исфандиёр Саъдулло, сармуҳандиси ширкати “Тоҷикрадиотелеком” мегӯяд, ки мо аз нигоҳи техникӣ чунин имконро надорем, мавҷи шабакаҳои маҳвораиро халалдор кунем, зеро басомадҳои онҳо махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Садди пахши басомадҳои мавҷи “Висоли ҳақ” дар Тоҷикистонро туҳмате беш намедонад, зеро мегӯяд, дар ин бора чунин супориш нагирифтаем ва имкон ҳам надорем, ки сади роҳи пахши мавҷ шавем.
Шабакаи телевизиони мазҳабии “Висоли ҳақ” аз моҳи апрел инҷониб ба минбари интиқоди Ҳукумати Тоҷикистон мубаддал шудааст. Агар дар ибтидо сиёсати ҳукумат дар самти динро мавриди интиқод қарор медоданд, ҳоло ҳатто ба тамошобинонаш имкон медиҳад, ки нисбат ба мақомдорони кишвар ҳарфҳои қабеҳ бигӯянд.
Дар пайи ин, ниҳодҳои гуногуни Ҳукумат ин шабакаро ба дурӯғпароканиву иғвоангезӣ муттаҳам карданд. Аз ҷумла Кумитаи дин бо нашри як изҳорот гуфта буд, ки шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ” бо дурӯғпароканиву буҳтон ва иғвоангезиву найранг мехоҳад ба эҳсосоти динии мардуми Тоҷикистон нохун занад. Ҳатто аз ровии барномаҳо Муҳаммад Ансорӣ даъват мешуд, ки омада Тоҷикистонро аз наздик бубинад.
Зимнан, дар як мулоқот Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз ҳамтои эрониаш Абдулризо Раҳмонӣ Фазлӣ барои муқобила ба пахши барномаҳои шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ” кӯмак хоста буд.
Рамазон Раҳимзода бо вазири кишвари Эрон Абдулризо Раҳмонӣ Фазлӣ 6-уми июн дар Душанбе мулоқот кард. Расонаҳои эронӣ навиштаанд, ки Раҳимзода аз ҳамтои эрониаш хостори он шуд, ки Теҳрон дар кори мубориза бо шабакаи телевизионии “Висоли ҳақ”, ки ба мардуми кишвар ахбори нодуруст пешниҳод мекунад ва таблиғоти ифротгароёна пахш менамояд, кӯмак кунад. Аз ин расона, ҳамчун шабакаи равияи салафиҳо, ки дар Тоҷикистон мамнуъ шудааст, ёд кардаанд.
Коршиносон мегӯянд, аммо Эрон чунин иқтидори техникиро дорад. Як коршиноси огаҳ аз вазъи Эрон мегӯяд, ду навъи халалдор кардани мавҷҳои моҳвора вуҷуд дорад. Роҳи аввал ин аст, ки фриконси фиристандаро шиносоӣ ва бар рӯи ҳамин фриконс мавҷ ё ба истилоҳ “вирус” мефиристанд, бори зиёд рӯи як мавҷ, ки боиси ихтилол ва ҳатто харобии ҳамон бонди моҳвора мешавад. Роҳи дигар халал ворид кардан дар сатҳи, ба истилоҳ заминаст, ки ин мавҷ парокандан дар фазои болои шаҳрҳост, ки албатта мегӯянд ин тариқ барои саломатии мардум хеле зарар дорад.
Қаблан низ хабарҳо дар бораи халалдор кардани мавҷи шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон паҳн шуда буд. Аз ҷумла дар соли 2013 Шабакаи телевизиони “К+”, ки дар баробари телевизионҳои Тоҷикистон ягона манбаи алтернативии иттилоъ барои хеле аз сокинон маҳсуб меёфт, эълон дошт, ки Тоҷикистон бо истифода аз таҷҳизоти махсус сади роҳи паҳн гардидани мавҷи телевизиони “К+” шудааст. Инчунин, мавҷи шабакаи телевизионии “Сафо ТВ” дар Тоҷикистон маҳдуд шуда буд.
Ширкати аврупоии EUTELSAT, ки молики моҳвораи HotBird мебошад, хабар дод, ки мавҷи телевизиони “Сафо” дар ҳудуди Душанбе бо истифода аз таҷҳизоти махсус зада шудааст. Он вақт корбарони Фейсбук тахмин мекарданд, ки Тоҷикистон таҷҳизоти махсуси мавҷзанро бо харҷи миллионҳо доллар аз Чин дастрас кардааст. Аммо ин иттилоъро ниҳодҳо рад мекарданд. Вале коршиносон мегуфтанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳар баҳое набошад, омода аст, ки ба роҳ ёфтани манбаҳои дигари хабарӣ, хоса мустақилу мухолифи ҳукумат дар баробари телевизионҳои Тоҷикистон монеъ шавад.
http://www.tojnews.tj/tj/news/kati-pahshi-mavchi-shabakai-visoli-khak-dar-tochikistonu-eron