Муним Оламов роҳбари нави “Медиа Алянси Тоҷикистон”

Директори  генералии рӯзномаи “ИмрӯзNtws”, Муним Оламов дар рафти иҷлосияи интихоботӣ –ҳисоботӣ дар таърихи 6-уми август,  дар шаҳри Душанбе, котиби генералии навбатӣ  (котиби генералии ҳафтум) асотсиятсияи мустақили журналистии “Медиа Алянси Тоҷикистон”  (МАТ) интихоб гардид. Ба ҷонибдории ӯ аксарияти аъзоёни ҳузурдоштаи ташкилот раъйи худро доданд, як нафар аз овоздиҳӣ худдорӣ намуд. Дар иҷлосия ҳамчунин ҳайъати нави Шӯрои назоратии алянс (Садорат) интихоб гашт, ки ба он Зинатуллоҳ Исмоилов, директори ТВ-и мустақили “СМТ”,- рӯзноманигорон Муҳаё Нозимова,  Бахтиёр Мусоев (муҳаррири АИ “Авесто”) шомил шуданд. Роҳбари Шӯро Муҳаё Нозимова интихоб гашт. Хуршед Ниёзов (сармуҳаррири ҳафтаномаи “Фараж”), Дилшод Абдумаҷидов (“Фараж”) ва Зафар Абдуллоев аъзоёни комиссияи ревизионӣ таъин гаштанд.

Муним Оламов баъд аз интихоб гаштан ба вазифаи котиби генералиӣ изҳор кард: “Ман аз ҳамкасбонам миннатдорам ки  ба ман  боварӣ карданд, ки гуруҳи ВАО-ро ки ба Медиа Алянс вориданд намояндагӣ кунам ва дар нақша дорам ки дар давраи нав саъйу кӯшиши худро барои уствории Алянс, барои боло бурдани муассирии ва устувории ВАО-е ки ба ҳайъати он шомил аст  устувор намоям ва дар маҷмӯъ ба баланд бардоштани сатҳи кабӣ ва мустақиляити ВАО-и мустақил мусоидат намоям”.

Муним Оламов айни замон директори генералии ҶДММ “ИмрӯзNews” аст, ки аввалин рӯзномаи мустақилро дар кишвар нашр мекунад.  Ӯ соли 1971 дар деҳаи Шипади ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст. Соли 2001 Донишгоҳи  муштараки славнияии Русияву Тоҷикистонро (факултаи Молия ва қарз) хатм кардааст. Аз соли 1993 то соли 2003 ҳамчун менеҷер  дар сохторҳои гуногуни тиҷоратии кишвар фаъолият  бурдааст.

Аз моҳи январи соли 2004 то моҳи июли соли 2011 вазифаи  PR-директорро дар ширкати “Ориёно –медиа ” ба уҳда дошт. Баъд аз ин  роҳбари сохтори тиҷоратии рӯномаи ИмрӯзNews” таъин гашт, аз 25-уми  декабри соли 2012 то имрӯз директори генералии ҳамин рӯзнома мебошад.

Медия Алянси Тоҷикистон севумин асотсиатсияи ба қайдгирифтаи журналистӣ дар кишвар аст (айни ҳолдар Тоҷикистон панҷ асотсиатсия  ва иттиҳодияҳои журналистӣ фаъоланд).

Ин ташкилот 31-уми июли соли 2005 таъсис ёфта, соли равон 10-сола шуд. Айни замон Алянс 12  ВАО ва сохториҳои медиавиро муттаҳид мекунад, дар маҷмӯъ ба ҳайъати он 26 нафар шомиланд.

Ба Алянс  ТВ «Симои мустақили Тоҷикистон» (Душанбе), ТВ ва радиои «Регар» (Турсунзода), ТРК «Ватан» (Душанбе, Қӯрғон-теппа, Хоруғ), АИ «Авеста.Tj», газета «Вечёрка» (сайт vecherka.tj), «Фараж» (faraj.tj), «Самак», «Ману ту», «Варзиш-Спорт» (sports.tj), ҶК «Куҳи нор», ҶК«Даст ба даст» (dastbadast.tj), сайт TajikMama.tj ва ғайраҳо шомиланд.

 

http://pressa.tj/article/%D0%BC%D1%83%D0%BD%D0%B8%D0%BC-%D0%BE%D0%BB%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D0%B2-%D1%80%D0%BE%D2%B3%D0%B1%D0%B0%D1%80%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D0%B2%D0%B8-%E2%80%9C%D0%BC%D0%B5%D0%B4%D0%B8%D0%B0-%D0%B0%D0%BB%D1%8F%D0%BD%D1%81%D0%B8-%D1%82%D0%BE%D2%B7%D0%B8%D0%BA%D0%B8%D1%81%D1%82%D0%BE%D0%BD%E2%80%9D

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *