калЛА ё салЛА

Хабари он ки минбаъд Васоити ахбори оммаи мустақил маълумоти расмиро бояд фақат аз АМИТ «Ховар» гиранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсеро барангехт, ки ҳатто муҷиби пешниҳоди раҳбарони нав ба сарварии созмонҳои журналистӣ гардид.

Аслан, дар протоколи пешниҳодгардида, чизи наве набуд. Пешниҳод мешуд, ки маълумоту хабари расмӣ аввал барои пахш ба «Ховар» дода шавад. Бояд гуфт, ки пештар ҳам маълумоти расмӣ тариқи ВАО-и расмӣ пахш мешуду баъд асоси қонунӣ мегирифт.Чун ду ҳафта муқаддам ин овоза паҳн шуд, раҳбари тозатаъини ин оҷонсӣ Заробиддин Қосимӣ гуфт ки ҳадафи эшон маҳдуд кардани дастрасӣ ба иттилоот нест, танҳо эшон мехоҳанд маълумотро барои онҳо ҳам пешниҳод намоянд.

Аммо, фикр мекунам аксуламали баъзе мақомоти маҳаллӣ, ки барои посух ба ин ё он суол вақт сарф кардан намехоҳанд ё мушкилӣ мекашанд, аз баёни андеша сари ин ё он мавзӯъ дар васоити ахбори мустақил метарсанд, ин баҳс дубора бархост ва дар домони ин баҳс фаъолияти созмонҳои журналистӣ ҳам зери тозиёнаи танқид гирифта шуд. Амали мақомоти маҳаллӣ, ки аз чандтои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ зикр гардидааст, масали «ба ҷойи салла калла овардан» — ро мемонад. Яъне, дар протоколи мазкур сухан сари маълумоти сирф расмӣ меравад на баёни андеша.

Агар чунин намебуд, пас, аввал ба Қонун дар бораи матбуот ва дигар намуди ВАО тағйирот дароварда мешуду пасон ин протокол имзо мегардид.

Аммо, чунин шуд, ки мансабдорони маҳаллӣ ҳамон тавре мехостанд, фаҳмиданд ва намояндагони ВАО-и мустақил ҳамон тавредарк карданд, қабул карданд. Чӣ бояд кард?

— Агар мақсади қабули протокол ҳамон тавре бошад, ки роҳбари «Ховар» гуфтааст, бояд ба ин протокол шарҳномае навишт то мансабдорони нодуруст онро фаҳмида, хатои хешро дар идома такрор накунанд.

— Агар мақсади қабули протокол обрӯи бештар додан барои майдони фарох пайдо кардани «Ховар» дар паҳнои хабарии кишвар ва берун аз он бошад, дигар чизҳоро бояд тағйир дод:

— Журналистони касбиро бояд ҷалб кард, сабки навишти хабарро бояд дигар кард, пешниҳоди ахборро бояд тағйир дод, маошу ҳаққи қаламро бояд зиёд намуд, сари тағйир додани шакли саҳифаҳои оҷонсӣ бояд андешид.

— Агар мақсади қабули протокол ҳамон маъниеро дошта бошад, ки мансабдорони алоҳида дар сатҳи минтақаю маҳалҳо фаҳмидаанд, барои ВАО-и мустақил танҳо як роҳ мемонад:

— Бойкоти маълумоти расмӣ. Дар ин ҳол ягона роҳ пурра рӯй овардан ба жанрҳои таҳлилӣ – тадқиқотӣ аст, аммо расонаҳои хабарӣ чӣ кор бояд кунанд? Рӯй ба овоза оранд? Зеро дар кишвари мо дар бисёр ҳолат овоза пештар аз хабари расмӣ паҳн мешаваду бештар мардум ба ин овоза эътимод мекунанд.

Вале, кӣ мехоҳад хабари расмӣ, маълумоти расмӣ, мавқеъгирии расмии давлату Ҳукумат дар ин шароити ҳассос аз саҳифаҳои ВАО-и мустақил гум шаванд?

Ҷавобаш «медонам», «намедонам» аст.

 

http://faraj.tj/editorial/10092-kalla-e-salla.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *