23-юми июли соли равон нишастҳои матбуотии се муассиса бо ширкати раҳбариятҳояшон баргузор хоҳад шуд.
Нишасти матбуотии Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон дар толори ин ниҳод баргузор мешавад.
Суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Шамсӣ-5.
Оғоз: соати 11:00.
Масъулини Вазорати саноат ва технологияи нав низ нишасти матбуотиашро дар толори муаасисаи худ баргузор мекунанд.
Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-22.
Оғоз: соати 15:00.
Ҳамчунин дар ин рӯз нишасти матбуотии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» баргузор мешавад.
Оғоз: соати 10:00.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам бо сабаби баргузории Конфронси байналмилалии “Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм” нишасти матбуотии худро ба таъхир гузоштааст.
http://tojnews.tj/tj/news/anons-nishastkhoi-matbuotii-hadamoti-ziddinkhisori-va-vazorati-sanoat