Нишастҳои матбуотӣ, ки ҳар нимсола доир мегардад, дар вилояти Хатлон аз имрӯз — 7 июл шурўъ шуд.
Нишастҳои матбуотии кунунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дертар аз нишастҳои матбуотии мақомотҳо дар шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд оғоз гардид. Имрўз соати 14 баргузории нишасти хабарии кумитаи идораи заминсозии вилояти Хатлон дар назар аст.
Ба фарқ аз шашмоҳаи аввали соли равон дар фаъолияти дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон бемасъулиятӣ дида мешавад — на ҳамаи хабарнигорон аз баргузории нишастҳои матбуотӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа ва навоҳии вилоят огоҳанд.
Дар шаҳри Қўрғонтеппа ҳудуди 20 хабарнигори расонаҳои мухталиф рафти нишастҳои матбуотиро дар идораю муассисаҳо ва ҳукумати шаҳру навоҳӣ тавзеҳ медиҳанд.
Хадамоти мониторингии АМВАОМТ