БДА кори журналистонро қадр кард

Дар ҷаласаи бахшида ба таҷлили рӯзи таъсисёбии БДА як чанд намояндагони ВАО, ки дар озмуни «Шаҳри бехатар» ғолиб омада буданд, мукофотонида шуданд.

Бо ташрифи муовини вазири ВКД Умарзода Икром, имрӯз дар РБДА — и кишвар рӯзи таъсисёбии Бозрасии давлатии автомабилӣ ҷашн гирифта шуд. Сардори Раёсат Саидов М.Б. дар оғози маҷлис суханронӣ намуда, кулли кормандони соҳаро ба идашон табрик гуфт. Зимнан Умарзода Икром суханронӣ карда, якчанд кормандони хизматнишондодаи раёсатро аз ҷониби ВКД бо диплому ифтихорнома ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ намуд.

Ҳамчунин ба журналистоне, ки дар озмуни «Шаҳри бехатар», ки аз тарафи Раёсати БДА ба хотири ҳамкории судманди инҷониб бо ВАО таъсис шуда, ғолиб омаданд аз қабили С. Суннатӣ, Аҳмадуллои Нарзиқул, Фирӯзи Карим, Нури Наср, М. Шарифов ва Ҷамила Мирбозхонова бо диплом ва мукфоти пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Озмуни Ҷумҳуриявии «Бозраси беҳтарини Тоҷикистон» ҷамъбаст гардида, лейтинанти милитсия, Холов Зевар сазовори ҷойизаи «Бозраси беҳтарини Тоҷикистон» гардид.

Дар фароварди маҷлис муовини вазир Умарзода Икром якояки собиқадорони БДА — и тоҷикро, ки дар ҷаласа ҳузур доштанд, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.

 

http://faraj.tj/news/9841-bda-kori-zhurnalistonro-1179adr-kard.html

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *