Вазорати корҳои хориҷӣ барои чопи гузориши таҳқиромез дар бораи Тоҷикистон ба сафорати Русия дар Душанбе нотаи эътирозӣ супурдааст.
29-уми июн Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш хабар додааст, ки онҳо “бо маводи таҳқиркунандае, ки 26-уми июни соли 2015 дар сомонаи нашриёти “Аргументы и Факты” бо номи “Страна гастарбайтеров. Специальный репортаж “АиФ” из Таджикистана” ба чоп расид, шинос шудаанд”.
Дар ин гузориш Тоҷикистонро “кишвари гастарбайтерҳо” номида, ҷорӣ кардани низоми раводид миёни Душанбе ва Маскавро ҳатмӣ медонист. Тоҷикистонро кишваре тасвир кардааст, ки “кулли давлат аз ҳисоби кори шаҳрвандони вай дар Русия зиндагонӣ мекунад, мисли он ки Замин аз ҳисоби энержии Офтоб зинда аст”.
Дар вазорат мегӯянд, ки дар пайи нашри ин матлаб “бо намояндаи Сафорати Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо намояндагии нашриёти “Аргументы и Факты” дар Тоҷикистон суҳбат анҷом дода шуд, ки дар натиҷа маводи мазкур аз сомонаи нашриёт гирифта шуд”.
Вазорат ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон ёддошт (нота) супорида, аз нашри мунтазами чунин мақолаҳо дар расонаҳои ин кишвар нигаронӣ кардааст. Нашри чунин мақоларо “ба руҳияи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Руссия ҷавобгӯ намебошад” ва вазорат аз Русия талаб кардааст, ки барои “роҳ надодан ба нашри чунин маводҳо, ки воқеъиятро нодуруст баён мекунанд, чораҳои лозима андешад”.
Муаллифи гузориш Георгий Зотов ном хабарнигор будааст, ки гӯё аз Тоҷикистон дидан кардааст. Дар муқаддимаи гузориш “АиФ навиштааст, ки “муҳимтарин нуктаи таъсиргузор он аст, ки кулли давлат аз ҳисоби кори шаҳрвандони вай дар Русия зиндагонӣ мекунад, мисли он ки Замин аз ҳисоби энержии Офтоб зинда аст. Дар сафари якҳафтаина шореҳи мо ба ин бовар расид-низоми раводид ҳатмист. Наметавон дигаргуна мушкилот бо муҳоҷиринро ҳал кард”.
Вай аввал аз таҷаммуъи мардикорон ҳарф мезанад ва ишора мекунад, ки бе Русия ҳол дар ин кишвари Осиёи Марказӣ чи гуна мудҳиш аст. Ва арқоми расмиву ғайрирасмиро дар бораи муҳоҷирати тоҷикон ва интиқоли пул аз Русия меорад.
Аз Душанбеву Кӯлоб чунин тасвир мекунад: “Шомгаҳон аз гӯшаҳои пойтахти Тоҷикистон гузар мекунӣ-аз тирезаи ягон хона рушании чароғро намебинӣ, одамон ин ҷо нестанд, тамомии манотиқу навоҳӣ рафта ба кор. Илова ба он ки кор нест, боз фақр як сарнавишти маъмулиест: сокинони беш аз бист рустои берун аз шаҳри Кӯлоб ҳар тобистон хонахез ба Русия талбандагӣ мераванд. Акнун чандон тааҷҷубовар ҳам нест, ки ин миқдор занону кӯдакон бо сару либоси рангоранг дар вокзалҳои Маскав, Санк-Петербург ва ҳатто Новосибирск аз куҷоянд. Ягон нафар аз ин одамон фикр намекунанд, ки коре баде анҷом медиҳанд”.
“Русҳо сарватманданд,- бо ханда мегӯяд ба ман як хонуми тоҷики ба назар чиҳилсола дар майдони марказии Кӯлоб.- Мо чор моҳ гадоӣ мекунем ва аз он ҷо бармегардем ва то тобистони дигар бо он пул зиндагӣ мекунем. Шукронаи Аллоҳ, ки нағз садақа медиҳанд”,- менависад муаллиф.
Ва дар ҷойи дигар: “Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ба забони давлатиро пеш мегузорад, вале ман ду маротиба шоҳиди гӯмагӯ дар кӯча шудам, вақте модарон ба сари фарзандони мактабхонашон дод мезаданд: “Боз аз забони русӣ баҳои ду гирифтӣ? Вақте калон мешавӣ, куҷо ба кор меравӣ?” Ҳамаи кишварҳои ҳамсояаш – Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Эрон бо Тоҷикистон низоми раводид дорад. Ҳеч касе хоҳиш надорад шаҳрванди кишвари фақирро ба мамлакаташ роҳ диҳад. Танҳо ба Русия тоҷикон ба роҳатӣ омадурафт мекунанд ва натиҷа ба ҳама маълум”.