Вокуниши корбарони фейсбук ба гузориши “АиФ”. Ҳукумату ниҳодҳояш чӣ вокуниш доранд?

Нашрияи русии  “Аргументы и факты” гузорише аз Тоҷикистон нашр кардааст, ки вокунишҳои тундеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард.Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар тоҷнет (бахши тоҷикии интернет) гузориши мазкурро тавҳинномаи навбатии расонаҳои русӣ нисбат ба Тоҷикистон медонанд. Аз ҷумла журналист Хайрулло Мирсаидов пешниҳод мекунад, ки аввал мақомот муайян кунанд, ки чунин журналист ба Тоҷикистон ворид шудааст, баъдан вуруди тамоми хабарнигоронашро ва фурӯши нашрияро дар кишвар манъ кунанд. Фаррух Салимов, аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ журналист будани муаллифи гузоришро зери суол мебарад…

Камол Абдуллоев, таърихнигори маъруфи тоҷик бо овардани чанд нукта аз мақола мегӯяд, ки “устал читать, афтар жжот”. Ҳатто як нафар нигоштааст, ки бигзор Русия бо Тоҷикистон раводид ҷорӣ кунад ва ин ҳама миннатро аз дӯши миллати тоҷик бардорем.

Муаллифи гузориш Георгий Зотов Тоҷикистонро “кишвари гостарбайрҳо” номидааст. “Муҳимтарин нуктаи таъсиргузор он аст, ки кулли давлат аз ҳисоби  кори шаҳрвандони вай дар Русия зиндагонӣ мекунад, мисли он ки Замин аз ҳисоби энержии Офтоб зинда аст. Дар сафари якҳафтаина шореҳи мо ба ин бовар расид-низоми раводид ҳатмист. Наметавон дигаргуна мушкилот бо муҳоҷиринро ҳал кард”. Ин сарсухани нашрия аст, ки дар чанд ҷумла матлабро хулоса кардааст.

Ва ба дунболи он ҳарфу ҳиҷои тавҳиномез ба сари миллати тоҷик аз забони меҳмони он Зотов, ки ба гуфтаи худаш ӯро ин миллати бекас боз эҳтиром кардаву ду ҳамнишинаш дар ҳавопаймо ду бор ӯро аз фурудгоҳ ройгон бо мошинашон ба манзилаш расондаанд, меборад.

Вай аввал аз таҷаммуъи мардикорон ҳарф мезанад ва ишора мекунад, ки бе Русия ҳол дар ин кишвари Осиёи Марказӣ чи гуна мудҳиш аст.  Ва арқоми расмиву ғайрирасмиро дар бораи муҳоҷирати тоҷикон ва интиқоли пул аз Русия меорад.

Чунин тасвирҳо аз Душанбеву Кӯлоб мекунад: “Шомгаҳон аз гӯшаҳои пойтахти Тоҷикистон гузар мекунӣ-аз тирезаи ягон хона рушании чароғро намебинӣ, одамон ин ҷо нестанд, тамомии манотиқу навоҳӣ рафта ба кор. Илова ба он ки кор нест, боз фақр як сарнавишти маъмулиест: сокинони беш аз бист рустои берун аз шаҳри Кӯлоб ҳар тобистон хонахез ба Русия талбандагӣ мераванд. Акнун чандон тааҷҷубовар ҳам нест, ки ин миқдор занону кӯдакон бо сару либоси рангоранг дар вокзалҳои Маскав, Санк-Петербург ва ҳатто Новосибирск аз куҷоянд. Ягон нафар аз ин одамон фикр намекунанд, ки коре баде анҷом медиҳанд”.

“Русҳо сарватманданд,- бо ханда мегӯяд ба ман як хонуми тоҷики ба назар чиҳилсола дар майдони марказии Кӯлоб.- Мо чор моҳ гадоӣ мекунем ва аз он ҷо бармегардем ва то тобистони дигар бо он пул  зиндагӣ мекунем. Шукронаи Аллоҳ, ки нағз садақа медиҳанд”,- менависад муаллиф.

Ва дар ҷойи дигар: “Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ба забони давлатиро пеш мегузорад, вале ман ду маротиба шоҳиди гӯмагӯ дар кӯча шудам, вақте модарон ба сари фарзандони мактабхонашон дод мезаданд: “Боз аз забони русӣ баҳои ду гирифтӣ? Вақте калон мешавӣ, куҷо ба кор меравӣ?” Ҳамаи кишварҳои ҳамсояаш – Ӯзбакистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Чин, Эрон бо Тоҷикистон низоми раводид дорад. Ҳеч касе хоҳиш надорад шаҳрванди кишвари фақирро ба мамлакаташ роҳ диҳад. Танҳо ба Русия тоҷикон ба роҳатӣ омадурафт мекунанд ва натиҷа ба ҳама маълум”.

Маълум аст, ки муаллиф шинохти дурусте аз Тоҷикистон ва минтақа надорад.

Аммо суол ин ҷост, ки агар ин навишта нисбат ба қазоқҳову ӯзбекҳо ё қирғизҳо мебуд, чи посухро ин нашрия интизор мешуд? Ҳеч не, нашру фурӯши “АиФ”-ро масдуд карда, аз кишварашон меронанд. Дар Тоҷикистон маълум аст, ки мақомоташ гӯш ба кариву чашм ба кӯрӣ мезананд. На “фабрикаи ҷавоб”-аш дар ин мавридҳо фаъол мешавад ва на ягон ниҳоди расмиаш.

 

http://www.tojnews.org/tj/news/vokunishi-korbaroni-feysbuk-ba-guzorishi-aif-khukumatu-nikhodkhoyash-chi-vokunish-dorand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *