Лутфулло Давлатов курсиро холӣ кард

Тавре аз манбаҳои мӯътамад ба мо хабар расид имрӯз соати 10-30 Лутфуллоҳ Давлатзода, аз мақоми раиси муассисаи давлатии телевизиони Сафина барканор гардида, роҳбари нави театри давлатии бо номи Абулқосим Лоҳутӣ, ки пештар аз ӯ Ибодуло Машрабов роҳбари мекард, таъин шуд.

Лутфулло Давлатов тӯлли солҳои кори худ дар телевизиони Сафина бисёр навовариҳои зиёдро ҷорӣ намуда, имрӯз бо фармони Ҳукумати кишвар курсии хешро иваз намуд.

Дар доираи тағйироти кадрие, ки ҳукумати кишвар дар раёсати ВАО-и давлатӣ амалӣ кард, Шамсиддин Садриддинов, ки то имрӯз раиси Агентии миллии иттилооти Ховар буд, муовини раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон шуд. Раҳбари нави Оҷонсии иттилоотии Ховар Зарробиддин Сироҷов таъин шудааст, ки то ҳол дар дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон кор мекард.

Сӯҳроб Алиев, низ аз мақоми раиси «Тоҷиктелерадиоком» барканор гардида, ба ҷои ӯ Хуршед Ҳабибов иҷрокунандаи вазифаи раиси «Тоҷиктелерадиоком» таъин шудааст.

Манбаъ афзуд, ки Зевар Давлатова аз мақоми раҳбари телевизиони давлатии кӯдакону наврасон — Баҳористон барканор шудааст. Дилафрӯз Амирқулова, ки дар симмати муовини раиси Кумитаи радио ва телевизион кор мекард, раҳбари нави телевизиони Баҳористон шудааст.

Ин хабарҳо дар ҳолест, ки тасдиқоти хешро аз рӯи як қатор сафарбариҳои Ҳуккмати кишвар имрӯз саннаи 19-уми моҳи ҷорӣ пайдо намудааст.

 

http://pressa.tj/article/%D0%BB%D1%83%D1%82%D1%84%D1%83%D0%BB%D0%BB%D0%BE-%D0%B4%D0%B0%D0%B2%D0%BB%D0%B0%D1%82%D0%BE%D0%B2-%D0%BA%D1%83%D1%80%D1%81%D0%B8%D1%80%D0%BE-%D1%85%D0%BE%D0%BB%D3%A3-%D0%BA%D0%B0%D1%80%D0%B4

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *