Роҳбарони шабакаҳои давлатии телевизион иваз шуданд

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио, дигар воситаҳои иттилоърасонии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Шамсуддинзода Садриддин Зайниддин аз вазифаи директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” озод ва муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Давлатзода Зевар Маҳмудӣ аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин карда шуд.

Амирзода Дилафрӯз Субҳон аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори муассисаи давлатии телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” таъин гардид.

Заробиддин Қосимӣ аз вазифаи муовини роҳбари Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон “Ховар” таъин карда шуд.

Ҳикматзода Абдусамад Ҳайдар аз вазифаи муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва муовини директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина таъин гардид.

Ҳабибов Хуршед Наҷмиддинович директори генералии ҶСК “Телерадиоком”,Ализода Суҳроб Маҳмуд сардори Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ ва Зиёев Фаррух Давлатович директори радиои Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Давлатзода Лутфулло Саъдулло аз вазифаи директори муассисаи давлатии телевизиони Сафина озод ва директори муассисаи давлатии театри драммавӣ-академии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ таъин карда шуд.

Сарвари давлат зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият дар ин соҳаҳо таъингардида, ки аксарият ҷавону корозмуда буда, дар вазифаҳои гуногун содиқона хизмат кардаанд, фаъолияти ин бахшҳо, хусусан кори расонаҳои давлатии иттилоотиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, аз камбудиҳои зиёди ҷойдошта ёдовар шуданд ва барои бартараф намудани нуқсонҳо, амалисозии тадбирҳои муассир, аз ҷумла дар шароити тақвияти фишорҳои номатлуб дар фазои иттилоотии Тоҷикистон дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 

http://news.tj/tj/news/ro-baroni-shabaka-oi-davlatii-televizion-ivaz-shudand

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *